Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асоси меҳмонхонаи 5 ситорадор дар кӯчаи Низомии Ганҷавии шаҳри Душанбе

04.09.2019 11:47, шаҳри Душанбе

4-уми сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар яке аз мавзъҳои зебоманзари пойтахт - кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшиданд.

Ҳангоми муаррифии лоиҳаи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бино аз меҳмонхонаи 5 ситорадор ва маркази тиҷоратии бузург иборат аст.

Тибқи лоиҳа ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 17-ошёна мебошад. Шумораи умумии ҳуҷраҳои меҳмонхона 160 адад буда, аз 2 ҳуҷра барои меҳмонони воломақом, ҳар яке бо масоҳати 250 метри мураббаъ дар ошёнаҳои 12-ум ва 15-ум, 13 ҳуҷраи люкс, ки масоҳати ҳар яки онҳо 80 метри мураббаъ, 35 ҳуҷраи стандартӣ мебошад.

Дар маҷмуъ меҳмонхона барои 300 нафар имкони буду бошро фароҳам меорад. Бунёди иншооти мазкур дар таъсиси 150 ҷойи нави корӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ замина фароҳам меорад.

Мувофиқи лоиҳа масоҳати умумии бинои бисёрфунксионалӣ қариб 1 гектарро ташкил дода, фармоишгар ва лоиҳакаши он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-Строй-Сервис» мебошад.

Меҳмонхона бо ба инобат гирифтани унсурҳои миллӣ ва муосири шаҳрсозӣ сохта мешавад. Дар дохили бинои бисёрфунксионалӣ марказҳои хизматрасонӣ, фароғатӣ, утоқҳои корӣ, тарабхона, қаҳвахона, SPA-ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, мағозаҳо, толори синамо ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати бо сифат ва ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ, муҳайё сохтани шароити хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Иншооти муосир дар муҳлати 2 сол дар доираи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Ҷиҳати ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёт таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 200 автомобил сохта хоҳад шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душаннбе бунёд карда шуда, дар рафти корҳои лоиҳакашӣ тамоми инфрасохтори шаҳрсозии муосир ба инобат гирифта шудааст.

Бо сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти баландошёна дар баробари муҳайё гардидани шароити арзандаи хизматрасонӣ ҳамзамон ба ободии пойтахти мамлакат зебогии нав зам хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520