Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Муъминобод

10.09.2019 08:40, ноҳияи Мӯъминобод

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон инчунин майдончаи варзишиеро, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ- 28- умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар масоҳати умумии 1025 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд карда шудааст. Инчунин дар шафати майдончаи варзишӣ барои машқу тамрин ва обу тоби бадан беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Майдончаи варзишӣ бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дар он наздик ба 15 адад чароғҳои хурду бузурги равшандиҳӣ насб карда шудааст. Илова бар ин, барои зебогии гирду атрофи иншоот, 30 ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан ва 2500 бех гулҳои зебои мавсимӣ шинонида шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароитҳои иншооти мазкур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои наврасону ҷавонони ноҳияи Муъминобод дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Муъминобод даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.

Қобил ба тазаккур аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагиии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод корҳои созандагиву ободонӣ босуръат идома дошта, то соли 2021 дар ҳудуди шаҳрак ва ҷамоатҳои ноҳия бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз даҳҳо чунин иншоотҳои муосири варзишӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520