Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷаласаи умумии Конфронси СММ оид ба рушди устувор

21.06.2012 08:00, Бразилия

Мӯҳтарам ҷаноби Раис,
Мӯҳтарам Дабири Кулли СММ,
Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам,

Раванди РИО ба ҳукуматҳо барои ҷалби таваҷҷӯҳи худ ба ҳалли масъалаҳои ҳаётии марбут ба рушди устувор такони бузург дод.

Тайи ду даҳсолаи гузашта роҳи калоне тай шуда, вале на ҳамаи вазифаҳо ҳал гардиданд.

Таҷрибаи муштарак нишон медиҳад, ки ҳалли масъалаҳои мубрами рушди устувор фақат бо саъю кӯшишҳои умумӣ ва густариши равобити ҳамкорӣ имконпазир аст.

Изҳори умедворӣ мекунем, ки Конфронси имрӯза пешрафтҳои то алҳол суратгирифта ва камбуду норасоиҳои дар татбиқи қарорҳои мулоқотҳои бузурги сатҳи олӣ оид ба рушди устувор ҷойдоштаро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад ва мушкилоти наву зуҳурёбандаро баррасӣ намуда, ҷонибдории сиёсии худро ба рушди устувор таъйид хоҳад кард.

Шубҳае нест, ки натиҷаҳои Конфронс асоси гузариши босуръату асоснокшуда ба иқтисоди «сабз» - ро мегузоранд, ки ин бояд ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва аз байн бурдани камбизоатӣ аз ҳисоби инвеститсияҳо барои нигоҳ доштани сарватҳои табиӣ мусоидат намояд, зеро ояндаи сайёраи Замин вобаста ба он аст.

Таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар аст, мақсади стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ин муносибат дар ҳуҷҷатҳои асосии оид ба рушди мамлакат, аз ҷумла дар Стратегияи миллии рушд то соли 2015, стратегияҳои миёнамӯҳлати коҳиш додани камбизоатӣ, стратегияҳои рушди бахшҳои дахлдори иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ инъикос ёфтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз ҳамаи захираю имконоти мавҷуда дар давоми 5 соли наздиктарин рушди онро ба дараҷаи 7 – 8% барорад, ки ин таҳкурсии мустаҳками рушди устувори мамлакатро мегузорад.

Ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат чунинанд: ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ; аз бунбасти нақлиётию коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва таъмини амнияти озуқавӣ.

Дар ҳоли ҳозир барқароршавии рушди устувор дар Тоҷикистон аз рӯи самтҳои зерин сурат мегирад:

- бунёди иқтисоди иҷтимоихоҳи бозаргонӣ;

- хоҷагидории самарабахш ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;

- ташаккул додани ҷомеаи муосири шаҳрвандӣ.

Тоҷикистон дар соли 2000 – ум ба татбиқи чорабиниҳо барои расидан ба Мақсадҳои Рушди Ҳазорсола шурӯъ намуд.

Дар ҳошияи ин саъю кӯшишҳо проблемаи коҳиш додани камбизоатӣ самти авлавиятдори сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст.

Мутобиқи натиҷаҳои таҳқиқи якҷояи сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон, ки Ҳукумат ва созмонҳои мустақил анҷом доданд, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 73 % дар соли 2003 – ум дар соли 2007 то 53 % ва алҳол то 41% паст шудааст. Дар натиҷаи ин сатҳи зиндагии беш аз 1 миллион нафар одамон баланд гардид.

Дар назар аст, ки дар сурати нигоҳ доштани тамоюли ҳозира ва суръати коҳишёбии устувори камбизоатӣ то соли 2015 сатҳи он дар Тоҷикистон 30 % паст карда мешавад. Бо вуҷуди ин ҳам ин проблемаи камбизоатиро аз фаъолияти мо дур намекунад ва он барои мо чун проблемаи аввалиндараҷа боқӣ мемонад.

Истифодаи самарабахшу сарфакоронаи захираҳои табиӣ, ки қисмати асосии иқтисоди «сабз» маҳсуб мешаванд, рушди соҳаи иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани системаҳои экологӣ, ташкили механизмҳои якхелаи идора ва дастгирии муҳити бозаргонӣ ҷузви сиёсати ислоҳот дар Тоҷикистон мебошанд. Ҳадаф аз ин сиёсат расидан ба мақсадҳои рушди устувор мутобиқи Эъломияи Ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид аст.

Захираҳои замин дар таъмини амнияти озуқавӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодии деҳот ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мақоми муайянкунандаро касб менамоянд.

Дар шароити 93 фоизи қаламрави кишварро ташкил додани кӯҳсор истифодаи самарабахшу оқилонаи заминҳои кишоварзӣ талаб карда мешавад, ки дар баробари маҳдудияти масоҳаташон дучори чунин равандҳои манфӣ, монанди эрозияи замин, кам шудани ҳосилнокии он ва ғайра гардидаанд.

Ҳукумат бо назардошти ин, ба манзури таъмини устувории захираҳои замин барои дастгирии кишоварзӣ ва беҳдошти бахши истеҳсоли маводи ғизоӣ, ҳамчунин такмили тадбирҳои оид ба ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои замини кишвар барномаҳои дахлдорро тарҳрезӣ намудааст.

Таъмини дастрасии умум ба хидматрасониҳои муосири энергетикӣ, афзун намудани самарабахшии энергия ва ривоҷи истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия масъалаҳои басо муҳими рушди устувор мебошанд. Ин хусусан барои кишварҳои қашшоқ ва дур аз ҳудудҳои инфрасохтории кӯҳӣ муҳим аст.

Дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаю лоиҳаҳои бахши гидроэнергетика ба бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, ки минтақаҳои кӯҳсори мамлакатро бо барқ таъмин менамоянд, аҳамияти калон дода мешавад.

Дар робита бо ин, Тоҷикистон ташаббуси Дабири Кулли СММ – «Энергетикаи устувор барои ҳама» - ро дастгирӣ менамояд.

Қобили зикр аст, ки мамлакати мо нерӯи бузурги гидроэнергетикӣ дошта ва ояндаи он вобаста ба истифодаи самарабахшу оқилонаи ин намуди энергия мебошад. Ҳиссаи энергияи нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба баланси энергетикии кишвар 98 фоизро ташкил медиҳад. Тоҷикистон 4 фоизи захираҳои ҷаҳонии гидроэнергетикиро дорост, ки он дар як сол 527 миллиард киловатт – соатро ташкил медиҳад.

Ин рақам аз эҳтиёҷоти ҳозираи минтақаи Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ, ки дар он асосан нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ истифода мешаванд, беш аз 3 баробар зиёд аст. Дар ҳоли ҳозир қариб 3,2 фоизи ин нерӯ аз худ карда шудааст.

Дар сурати роҳандозӣ намудани ҳамкории якхела қудрати содиротии Тоҷикистон метавонист то соли 2020 - ум 30 миллиард киловатт - соатро ташкил диҳад, ки ин ҳам ба рушди «Иқтисоди сабз» дар кишвар мусоидат менамуд.

Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки таъсир ба муҳити зист ба андозаи зиёд коҳиш дода ва сатҳи шуғли аҳолӣ баланд гардад.

Чунин вазъият аз мо таваҷҷӯҳи бештареро ба масъалаи бунёд намудани иншоотҳои гидроэнергетикии тавлидкунандаи барқро талаб мекунад. Тайи солҳои охир дар мамлакат беш аз 260 нерӯгоҳи барқи обии хурду миёна, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ бунёд гардида, шабакаи ягонаи энергетикии кишвар таъсис ёфтааст.

Чунин мешуморем, ки имрӯз бояд масъалаҳои истифодаи самарабахши захираҳои энергетикӣ ва оби минтақа бо назардошти одат кардан ба тағйири иқлим мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.

Дар ин самт натиҷаҳои амалиро метавон бо усули ташкили идораи устувори захираҳои об, ҳалли проблемаҳои хоҷагии об дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ дар заминаи истифодаи пурраи дастгирии байналмилалӣ ва саъю кӯшишҳои миллӣ ба даст овард.

Комилан мантиқист, ки вақтҳои охир сарварон ва ҳукуматҳои ҷаҳон аксаран диққати худро ба масъалаҳои захираҳои об ҷалб менамоянд, зеро онҳо бо назардошти аҳамияти стратегии худ барои ҳалли масъалаҳо дар ҳамаи бахшҳое, ки асоси рушди устуворро ташкил медиҳанд, басо муҳиманд.

Ҳамкорӣ дар бахши захираҳои об барои расидан ба мақсадҳои соҳаи рушд. ки дар Эъломияи ҳазорсола зикр ёфтаанд, аҳамияти ҳалкунанда дорад. Об - ин ҳамчунин омилест, ки муносибатҳои мутақобилаи минтақавиро ташаккул медиҳаду сулҳу амният аз бисёр ҷиҳат вобаста ба он мебошанд.

Дар робита бо ин, Маҷмаи Умумии СММ бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2003 – ро Соли байналмилалии оби тоза ва солҳои 2005 – 2015 – ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 – ро «Соли байналмилалии ҳамкории об» эълон намуд.

Мо умедворем, ки рӯи кор овардани ин соли байналмилалӣ ба густариши ҳамфикрию ҳамкорӣ дар ҳамаи пояҳо, расидан ба мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мутобиқшудаи бахши таъмини об ва санитария, ҳамчунин нигоҳ доштани захираҳои об барои наслҳои оянда мусоидат мекунад.

Тоҷикистон барои расидан ба мақсадҳои Соли байналмилалии ҳамкории об пешниҳод менамояд, ки Муколамаи интерактивии Маҷмаи Умумии СММ ва дар охири ҳамон сол Конфронси байналмилалии СММ аз рӯи масъалаҳои ҳамкории об доир карда шавад.

Тағйир ёфтани иқлим яке аз таҳдидҳои имрӯзаест, ки минтақаи Осиёи Марказӣ, ва, аз ҷумла, мамлакати мо дучори он мегардад. Оқибатҳои экологию иҷтимоии тағйири иқлим боиси ташвиши умум мегарданд. Таъсири тағйири иқлимро дар мисоли обшавии пиряхҳои Тоҷикистон равшан дидан мумкин аст. Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пиряхи калону хурд мавҷуд буд, ки қариб шаст фоизи маҷрои дарёҳои минтақаро таъмин менамоянд. Воқеан, фақат тайи якчанд даҳсолаи охир беш аз ҳазортои онҳо аз байн рафтанд.

Дар партави ин ҳодиса ва рушди демографии кишварҳои Осиёи Марказӣ пиряхҳо, захираҳои барф, кӯлу дарёҳои кӯҳӣ ва манбаъҳои дигари захираҳои оби минтақа, ки на фақат суботи экологӣ, балки рушди иҷтимоию иқтисодии ҳамаи мамлакатҳои минтақа низ вобаста ба ҳолати онҳоанд, таваҷҷӯҳи хосаро тақозо мекунанд.

Бо назардошти ин мо умедворем, ки ниҳодҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои мададгор пешниҳоди моро дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии Нигоҳдории пиряхҳо дастгирӣ мекунанд.

Тағйири иқлим ҳамчунин хавфи афзоиши суръат ва зуд - зуд такрор ёфтани офатҳои табииро ба миён меоранд, ки онҳо монеаи ҷиддии сари роҳи расидан ба рушди устувор мебошанд.

Зарур мешуморем, ки фаъолияти муштарак барои коҳиш додани хавфу хатар ва кам кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ пурзӯр карда шавад.

Аслан ҳар сол дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ зарари бузурги иқтисодию маънавӣ расонида, ҳазорҳо нафар сокинони кишвар аз хонаю ҷой маҳрум мегарданд, мутаассифона, аксар вақт одамон ҳалок мешаванд. Зарари ҳарсолае, ки ба иқтисоди мамлакат мерасад, садҳо миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Офатҳои табиӣ на фақат зарари ғайричашмдошт мерасонанд, балки саъю кӯшишҳои кишварро бобати расидан ба мақсадҳои рушди устувор ҳам суст мегардонанд ва дар татбиқи барномаю стратегияҳои коҳиш додани камбизоатӣ душвориҳои иловагиро ба миён меоранд.

Кӯҳҳои Тоҷикистон на фақат манбаи муҳимтарини захираҳои об, энергетика ва биологияи мамлакат ва минтақа мебошанд, балки барои бар ҳаёт мондани системаи экологии минтақа ҳам мақоми асосӣ доранд. Обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистон ва такроршавии офатҳои табиӣ дар даҳсолаи охир аз он далолат мекунанд, ки минтақаҳои кӯҳсор ҳамаи тағйироти атмосферию иқлимиро бештар ҳис намуда ва аҳолии онҳо ба ҳар тағйироту хатарҳои глобалӣ бештар осебпазиранд.

Дар робита бо ин, Тоҷикистон чун кишвари кӯҳсор ба мушорикату ҳамкорӣ дар масъалаҳои идораи рушди захираҳои кӯҳистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии аҳолии минтақаҳои кӯҳсори ҷаҳон ҳар чи бештар манфиатдор аст.

Тоҷикистон бо назардошти осебпазирии мамлакатҳои кӯҳсор ба офатҳои табиӣ ва таъсири тағйири глобалии иқлим, ҳамчунин проблемаҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо марбут ба мавҷуд набудани дастрасӣ ба баҳрҳо, маҳдудияти захираҳои энергия ва озуқа, ки ин монеаи рушди устувори онҳо мегардад, ба даъватҳои бархе мамлакатҳо дар бораи қисман аз қайд баровардани қарзҳои мамлакатҳои воқеъ дар кӯҳистон ва ба кӯмакҳои бебозгашт табдил додани онҳо ҳамроҳ мешавад. Ин имкон медод, ки маблағҳои озодшуда барои расидан ба мақсадҳои рушди устувор ва ҳифзи муҳити зисти минтақаҳои кӯҳсор барои насли оянда мавриди истифода қарор дода шаванд.

Мо ҳамчунин ҷонибдори фароҳам овардани тартиби қобили қабултарин дар тиҷорат барои мамлакатҳои тараққиёбандае мебошем, ки роҳи сӯи баҳрро надоранд.

Кӯҳистони Тоҷикистон барои рӯёнидани навъҳои сермаҳсултарину устувортарини растаниҳои ороишӣ, набототи дорусозӣ, растаниҳои маводи ғизоӣ ва зотҳои ҳайвонот имконияти пурқимматтарини табиӣ дорад.

Ҳукумати мамлакат барои коҳиш додани таъсири антропогенӣ ба муҳити зист ба манзури нигаҳдории ин гуногунии биологӣ ва системаҳои дигари экологӣ ҳамаи чораҳои заруриро мебинад.

Харобшавии экологӣ, ки дар талафи замини ҳосилхез, биёбоншавӣ, истифодаи харобиовари ҷангалҳо, кам шудани захираҳои оби нӯшокӣ ва суръатҳои басо баланди талафи гуногунии биологӣ зуҳур меёбад, барои эҳё ва регенератсияи муҳити зист вақти кофиро боқӣ намегузорад.

Аз таназзули баҳри Арал, ки сабаби асосии он истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои оби минтақа ҳангоми обёрӣ мебошад, дар Осиёи Марказӣ маҳз чунин манзараро метавон мушоҳида намуд.

Коэффитсиенти пасти таъсири муфиди системаҳои обёрии минтақа (камтар аз 51%), талафи бузурги об дар киштзор, системаи ғайри - самарабахши истифодаи об дар сатҳи мухталиф, мавҷуд набудани механизмҳои иқтисодии идора ҳангоми камчинии захираҳои об проблемаи оби минтақаро сол аз сол душвортар мегардонад.

Илоҷи он фақат ҷорӣ намудани «технологияҳои сабз» дар бахши обёрӣ. идораи ҳамгироии захираҳои об дар сатҳи кишвару минтақа, баланд бардоштани коэффитсиенти таъсири муфиди системаҳои обгузаронӣ ва иншоотҳои гидротехникии дорои аҳамияти минтақавиро якҷоя нигаҳдорӣ намудани давлатҳо хоҳад буд.

Сарфаи воқеии обро дар бахши кишоварзии кишварҳои минтақа дар сатҳи миллию минтақавӣ бо роҳи риояи меъёрҳои хароҷоти об ҳангоми обёрӣ, ки дар он аслан то 60 фоизи оби аз манбаъҳои табиӣ гирифташаванда талаф мегардад, ба даст овардан мумкин аст. Сарфаи фақат 10 % фоизи оби истифодашаванда метавонад ба ҳавзаи баҳри Арал дар як сол 12 километри мукааб об ворид кунад.

Ҳалли пурраи проблемаи камчинии об ва рафъи хатарҳои марбут ба тағйири иқлим ва офатҳои табиӣ дар рушди гидротехника пайваста бо обанборҳои тайиноти комплексӣ, дар шароити ҳамкории ҷонибҳои манфиатдор ба назар мерасад. Дар баробари ин ба мақсад мувофиқ аст, ки сатҳи миллии идораи ҳамгироишудаи захираҳои об пайваста бо сатҳҳои минтақавию глобалии рушди иқтисоди «сабз» роҳандозӣ шавад.

Аминам, ки муваффақона гузаронидани даҳаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» - 2005 – 2015» ва Соли байналмилалии ҳамкории об – 2013 низ дар амри расидан ба мақсадҳои Конфронси имрӯза оид ба об ва масъалаҳои дигари муҳими рушди устувор мақоми муҳимро касб менамоянд.

Дар робита бо ин Тоҷикистон ҷонибдории худро аз баррасии масъалаҳои таҳкими чаҳорчӯбаи ниҳодии рушди устувор ва таъсиси мақоми байниҳукуматии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ҳамчунин роҳандозии раванди таҳияи маҷмӯи мувофиқашудаи ҳадафҳои фарогир дар соҳаи рушд иброз медорад.

Дар фарҷоми сухан мехостам бори дигар изҳори умедворӣ намоям, ки Конфронси имрӯза марҳалаи ҳалкунанда дар кори муайян намудани роҳҳои самараноки расидан ба рушди устувор гардида ва ба «ояндае, ки мо мехоҳем» саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520