Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқбол дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб

10.09.2019 19:23, шаҳри Кӯлоб

10-уми  сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию  ободонӣ, ифтитоҳи як қатор иншоот ва иштирок дар тантанаҳои идонаи бахшида ба 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ  ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони шаҳр бо самимияти беандоза ва руҳияи баланди идона истиқбол гирифтанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии  кишвар  шаҳри Кӯлоб бо бунёди даҳҳо иншооти хизматрасонию маъмурӣ ва иҷтимоӣ ободу зебо гардида, бо амалӣ кардани тадбирҳои муҳим ва татбиқи ҳадафҳои созанда сатҳи зиндагии  мардум баланд гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520