Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи мизи мудаввари Конфронси СММ оид ба рушди устувор

21.06.2012 08:00, Бразилия

Рӯзи 20-уми июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар ҷаласаи мизи мудаввари Конфронси СММ оид ба рушди устувор иштирок ва суханронӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба мушкилоти вобаста ба афзоиши аҳолии сайёра, тағйироти глобалии иқлим, бӯҳронҳои молиявӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ, таъкид дошт, ки «ҳадафҳои рушди устувор барои муддати дароз бояд мушаххасу шаффоф бошанд ва аз ҳама муҳимтараш, ба қонеъ намудани ниёзҳои табақаҳои аз ҳама осебпазири мардум ва занону кӯдакон равона гарданд».

Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос аз пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълони соли 2013 чун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об аз тамоми давлатҳо даъват намуд, ки «дар кори васеътар гузаронидани чорабиниҳои ин сол фаъолтар ширкат варзанд, то ки муколамаву ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи истифодаи устувор ва дастаҷамъонаи захираҳои об амалӣ гардад».

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масоили ОБ-ро асоси татбиқи босамари Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола, рушди устувор барои ҳама, энергетика барои ҳама, пешбурди «иқтисодиёти сабз», паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастрасии умумӣ ба озуқаворӣ, таъмини санитария ва дигар ҳадафҳои эълоншудаи глобалӣ номида, ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳия ва қабули стратегияҳои мушаххаси маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба идоракунии захираҳои об даъват намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520