Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози азнавсозии роҳи “Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин”

11.09.2019 13:13, шаҳри Кӯлоб

11 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи мошингарди “Кӯлоб-Қалъаи Хумб” дар қитъаи “А”, ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мепайвандад, оғози расмӣ бахшиданд.

Қитъаи роҳи мошингарди “Кӯлоб - Шамсидин Шоҳин” дар идомаи роҳи мошингарди “Кӯлоб - Қалъаи Хумб” бунёд гардида, дар асоси марҳилаи навбатии лоиҳавӣ навсозӣ мешавад.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дарозии қитъаи роҳи автомобилгарди “Кӯлоб -Шамсиддин Шоҳин” 32,7 километр буда, он тибқи талаботи замони муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад ва барои хизматрасонӣ дар давоми солҳои зиёд пешбинӣ шудааст. 

Дар асоси лоиҳаи таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди “Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин” сохтмони 3 адад пул дар мавзеъҳои кӯҳӣ бунёд мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки солҳои пеш ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаи роҳ бо мушкилӣ сурат мегирифт.

Бунёду навсозии роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бо ташаббус ва талошҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамарӯза тариқи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд. Ҳамзамон тамоми молу маҳсулоти содироту воридотшаванда интиқол дода мешавад.

Бунёди роҳ аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамалакат заминаи воқеъӣ мегузорад.

Тибқи лоиҳа инфрасохтори зарурӣ дар роҳи автомобилгарди қитъаи “Кӯлоб -Шамсиддин Шоҳин” бунёди қубурҳои обгузар, ҷуйборҳои бетонӣ, такядеворҳо, воситаҳои иҳотакунанда, хатҳои уфуқӣ, аломатҳои роҳ ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди қитъаи “Кӯлоб -  Шамсиддин Шоҳин” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ба роҳсозон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. 

Дастур дода шуд, ки дар вақти корҳои сохтмонӣ 90 фоизи коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520