Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани 2 майдончаи варзишӣ ва маркази хизматрасонӣ дар ноҳияи Файзобод

20.09.2019 08:29, ноҳияи Файзобод

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод, нахуст дар маркази ноҳия ду майдончаи варзишӣ ва маркази хизматрасониро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти варзишӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Ҷамшед Ғаффоров бунёд гардида, аз ду майдончаи универсалӣ ва ҳуҷраҳои ивази либос, мағоза ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Атрофи иншоотро дарахтони сояафкану ҳамешасабз зинат бахшидааст. Дарозӣ ва паҳноии ҳар як майдонча 40 ба 20 метр буда, он тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан миёни ҷавонону наврасон ҳидоят намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар деҳот ва маркази ноҳияи Файзобод айни замон беш аз 70 майдончаи варзишӣ ва  30 толори машқу тамрин фаъолият менамоянд. Маҳз ҳамин шароити созгор сабаб шудааст, ки дастовардҳои варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ беҳтар мегардад. 

Ҳамчунин дар шафати иншооти варзишӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маркази хизматрасониро, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ карданд.

Иншооти мазкур дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, дар маҷмӯъ беш аз 35 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода шуд, ки ҳар як иншоот аз 4 ошёнаи бисёрфунксионалӣ иборат буда, қабати якуми биноҳо аз марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, сехи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти тайёр, толори арӯсӣ ва кошонаи ҳусн иборат мебошад. Қабатҳои болоии бино бошад, ҳамчун хонаи истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст.  

Мавриди зикр аст, ки корҳои созандагӣ дар иншооти номбурда дар муҳлати кӯтоҳ анҷом ёфта, беш аз 40 нафар сохтмончии маҳаллӣ аз ҳисоби мутахассисону меъморони ботаҷриба ба кор ҷалб гардиданд.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат ба ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкорон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки ба василаи чунин марказҳои хизматрасонӣ, метавон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин самт мусоидат намуд.

Тибқи иттилои масъулин, дар ноҳияи Файзобод то истиқболи ҷашни сазовори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беш 500 иншооти таъиноташон гуногун дар назар дошта шудааст. Ин бошад, дар навбати худ ба таъмини беҳтари аҳолӣ бо ҷойи кор ва маош  мусоидат хоҳад кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520