Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасаллияти Пешвои миллат вобаста ба даргузашти деҳқони шинохтаи кишвар Камол Мадумаров

04.10.2019 07:45, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз деҳқони ботаҷриба ва ангурпарвари шинохтаи кишвар Камол Мадумаров дар синни 80 солагӣ аз олам даргузашт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо писари калони марҳум телефонӣ дар тамос шуда, бо изҳори ҳамдардии амиқ ба аҳли хонадони шодравон ва наздикону пайвандон аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил хостанд.

Камол Мадумаров дар давоми умри бобаракати худ барои рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, бахусус боғдорию ангурпарварӣ саҳми босазо гузошта, таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии диёри хеш сарф кардааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520