Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел

12.10.2019 17:17, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Куба самимона табрику муборакбодӣ менамоям.

Интихоби Шумо ба ин маснади олӣ аз ҷониби Парлумони кишвар боз як гувоҳи фаъолияту заҳматҳои созандаву самараноки Шумо ба ҳайси Роҳбари Куба мебошад. 

Ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди густариши робитаҳои судманд бо Ҷумҳурии Куба буда, ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни ду кишвар итминони комил дорад.

Зимнан омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона саъйю талош варзем. Умед дорам, ки Шумо низ дар ин маснади олӣ кӯшишҳои худро ҷиҳати пешбурди муносибатҳои дӯсти ва ҳамкориҳои миёни кишварҳоямон дареғ нахоҳед дошт.

Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳҳатии комил, дар кори амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба кишвари дӯсти Куба пешрафту шукуфоӣ ва ба мардуми  он саодату комгорӣ хоҳонам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520