Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо як гуруҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз”

22.10.2019 13:57, шаҳри Душанбе

22 октябр дар Китобхонаи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” бо як гуруҳ меҳмонон аз кишварҳои хориҷ - иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ мулоқот карданд.

Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба онҳо барои пешбурди фаъолияти илмию эҷодӣ ва фарҳангӣ барору комёбӣ орзу карданд.

Дар вохурии самимӣ оид ба ҳадафҳо ва аҳамияти баргузории Симпозиуми байналмилалӣ илмӣ дар Душанбе, муносибатҳои неки фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои олам ва нақши Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” табодули андеша сурат гирифт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Паванд”, ба фаъолияти хуби ҷамъиятҳои дар хориҷ будаи тоҷикон ва форсизабонон, инчунин саҳми онҳо дар ташаккули фарҳанги ягона баҳои баланд доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли зиё даъват ба амал оварданд, ки ҳамкориро бо доираҳои илмию эҷодӣ ва аҳли фарҳанги кишвари мо ба таври зичу пурсамар ба роҳ монанд. Дар ҷараёни таҷлили ҷашну идҳои миллию байналмилалӣ дар Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд.

Зимни мулоқот меҳмонон - иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарму самимӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани кори ҳамоиши илмӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар ҳамин ҷо барои саҳми арзишманд дар ваҳдату ҳамбастагии мардумони сайёра, арҷгузорӣ ба аҷдодон, мероси бузурги онҳо ва гиромидошти муқаддасоти фарҳангии ниёгон дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Нишони Бунёди “Манучеҳри Фарҳангӣ” тақдим карда шуд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмонон ҷиҳати саҳмгирии амиқ дар инкишофи фарҳанги волою забони ноби тоҷикию форсӣ ва густариши дӯстиву робитаҳои миёни тоҷикону форсизабонон ва халқҳои дигари ҷаҳон муваффақият орзу карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520