Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.11.2019 13:31, шаҳри Душанбе

22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои нав бо дарназардошти таъмин кардани кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо либоси низомӣ аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ сохта шуда, он аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст.

Дар ошёнаи якум, сеюм ва чоруми бино коргоҳҳои дӯзандагӣ ҷойгир буда, дар ошёнаи дуюм бошад, утоқҳои кории маъмурият ва маҷлисгоҳ сохта шудааст. Бояд таъкид намуд, ки корхона аз 15-уми апрели соли 2018 дар заминаи Раёсат ҳамчун сехи дӯзандагӣ ташкил карда шуда, дар он либоси низомӣ дӯхта мешуд.

Сехи дӯзандагӣ дар оғоз 7 мошинаи дӯзандагӣ дошт ва 6 нафар занонону духтарон ба кор ҷалб гардида буданд. Тавре масъулон иттилоъ доданд, сехи дӯзандагӣ бо чунин шумораи коргарону дастгоҳҳои дӯзандагӣ наметавонист кормандонро бо либоси низомӣ пурра таъмин намояд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин намудани кормандони сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо либоси низомӣ роҳбарият тасмим гирифтанд, ки дар заминаи сехи дӯзандагӣ соли 2018 корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомиро ташкил намоянд.

Тибқи иттилоъ айнӣ замон корхонаи дӯзандагӣ дорои 250 мошинаи нави дӯзандагӣ буда, наздики 300 нафар занону духтарони хонашин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Ошхонаи корхонаи дӯзандагӣ дар таҳхона ҷойгир буда, дар он хизматрасонӣ тибқи стандартҳои замони муосир ба роҳ монда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандон ба сифати либосҳои дӯхташаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар чунин шароити муҳайёкардашуда бояд дар корхона либосҳои низомӣ бо тарҳи муосир ва сифати баланд дӯхта шаванд. Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити имрӯза бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба бозор маҳсулоте роҳ меёбад, ки сифати баланд дошта бошад ва корхона ба рақобат тоб оварда тавонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дӯхти либоси босифати низомӣ, пурра таъмин кардани кормандон аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисон дар асоси озмун ба кор қабул карда мешаванд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ пеш аз ҳама, коҳиш додани маҳсулоти воридотӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат маҳсуб меёбад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520