Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

10.02.2010 21:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 15 масъалаи муҳим, аз ҷумла фаъолияти ҶСК «Нерўгоҳи барқии обии Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар маҷлис роҳбарияти ҶСК «Нерўгоҳи барқии обии Роғун», ҳамаи ширкатҳо ва ташкилоту муассисаҳои ватанию хориҷии сохтмонию лоиҳакашии ин иншооти азим ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар соли 2009 ҳисобот доданд.

Дар ҳисоботи Директори генералии ҶСК «Нерўгоҳи барқии обии Роғун» Нурулло Шулашов, аз ҷумла, бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки соли 2009 дар ин иншооти бузург дар ҳаҷми 532,5 миллион сомонӣ корҳои барқарорсозӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмонию васлгарӣ иҷро шудаанд. Айни ҳол ҳар моҳ бо маблағи 40-45 миллион сомонӣ корҳо анҷом меёбанд. Имрўз дар бунёди нерўгоҳи Роғун беш аз 7200 коргару мутахассис, 630 адад мошину механизм ва 59 ширкат ва корхонаю муассисаҳои гуногуни соҳибэътибор машғули коранд.

Дар маҷлис ҳамчунин ҳисоботи роҳбарони тамоми ширкатҳо ва ташкилоту муассисаҳои лоиҳакашию сохтмонӣ, ки наздики 10 – тоаш аз Федератсияи Русия мебошанд, шунида шуд.

Чунонки маълум шуд, барои ҳамаи онҳо шароити хуби корӣ муҳайё гашта, бо ҳаҷми корҳои зарурӣ таъмин мебошанд ва ин боиси қаноатмандӣ ва бо дили гарм заҳмат кашиданашон гаштааст. Аз ҷумла намояндагони Интерстрой - Акмал Усманов, институти Гидропроекти шаҳри Маскави Федератсияи Русия - Николай Кисилев ва Трести гидромонтажи Русия - Алексей Прокопенко аз шароит ва ҳаҷми корҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин таъкид доштанд, ки ният доранд боз мутахассисони зиёди баландпояи ин cоҳаро аз гўшаҳои гуногуни Федератсияи Русия ба кор даъват кунанд.

Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба суръат ва сифати сохтмони нерўгоҳи Роғун таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуда, дар назди сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, ҶСК «Нерўгоҳи барқии обии Роғун» ва ташкилоту идораҳои он вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ба сифати корҳо ва масолеҳи сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогашта, таъмини шаффофият дар ин кор ва сарфаю сариштакорӣ таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Сипас дар ҷараёни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои ду қонун доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гражданӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кўмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2010-2011, Низомнома дар бораи тартиби гузарондани ташхиси иҷтимоии барномаҳои давлатии мақсаднок ва инвеститсионии таҳияшаванда дар самти таъсири онҳо ба таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ ва як зумра санадҳои дигари меъёрӣ-ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд», Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Экспедитсияи иктишофи-геологии ашёи радиоактивӣ» таъсис дода шуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520