Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

04.02.2020 11:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сарҳадот, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва зерсохторҳои он ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Абдусаттор аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод ва ба ин вазифа Мирзозода Сафаралӣ Раҳим, ки дар вазифаи муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт, таъин гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Абдусаттор муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Мутобиқи банди 9 моддаи 69  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Мирзозода Сафаралӣ Раҳим ва ба ин вазифа ҷиҳати додани ризоият номзадии Зоирзода Икром Оймаҳмад ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири мудофиа, муовинони вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб», «Данғара», «Панҷ», Директор ва муовинони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ», комиссарони ҳарбии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд, командирони қисмҳои низомии Вазорати мудофиа, вобастаҳои ҳарбӣ дар назди як қатор Сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, сардорони баъзе отрядҳои сарҳадӣ ва марказҳои таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат Сардори давлат аз вазифагузориҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, маориф ва илм, таъмини амнияту субот ёдовар гардида, кадрҳои таъиншударо барои содиқона ва поквиҷдонона хизмат кардан ба халқу Ватани худ даъват намуданд. Дар назди масъулин барои иҷрои саривақтии дастуру нишондодҳои Паём вазифаҳои мушаххасу мӯҳлатнок гузоштанд.

Ба ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ бори дигар таъкид намуданд, ки вазифаҳои хизматиашонро дар доираи Оинномаҳои ҳарбӣ иҷро намуда, дар ҳимояи сарҳади давлатӣ бо масъулияти ҷиддӣ ва дар ҷаҳорчӯбаи Қонун амалӣ намоянд.

«Манфиатҳои давлату миллат ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолият бояд аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ иборат бошад,»- иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520