Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

14.02.2020 15:11, шаҳри Душанбе

14 феврал дар толори Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадрҳое, ки дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумита ва сохторҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, мулоқот намуданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва Исматуллозода Ширин Исматулло - муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Ба вазифаи муовинони Вазири кишоварзӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат кадрҳои ҷавон таъин гардиданд, ки дар баробари таҷрибаи корӣ ва малакаи роҳбарӣ бо зиёда аз ду забони хориҷӣ муоширати озод карда метавонанд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани ризоият дар бораи аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Назарзода Ҳотам Назрулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Осимзода Муҳаммадиброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ваҳобов Валӣ Манонович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳикматуллозода Абдуғаффор, дар бораи муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Талбакзода Дилшод Саид ва Раҳимзода Абдураҳим Абдухолиқ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори шаҳри Душанбе, прокуророни ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе, муовинони прокурори вилоятҳои Хатлону Суғд, прокуророни шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Бӯстони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ёвон, Қубодиён, Муъминободи вилояти Хатлон, Ҷаббор Расулов ва Айнии вилояти Суғд иваз гардиданд.

Зимни сӯҳбат Пешвои миллат ба кадрҳои таъингардида иброз доштанд, ки вазифаи асосии ҳар як мутахассис дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо дасту дилу нияти пок ба Ватан ва миллат хизмат кардан аст.

Аз кормандони мақомоти Прокуратураи генералӣ бо қатъият талаб карда шуд, ки нисбат ба қонуншиканӣ дар хариду фурӯши замин, ҷиноятҳои дорои характери коррупсионӣ, терроризм, ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ муборизаи дастҷамъона баранд.

«Дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷиддӣ ва серталаб бошед, назорати якхелаи татбиқи қонунҳои амалкунандаро дар мамлакат таъмин намоед, уҳдадориҳои оинномавии худро дар ҷаҳорчӯбаи қонун амалӣ намуда, намунаи ибрат дар ҷомеа бошед» – таъкид намуданд Сарвари давлат.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520