Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар фестивали «Сайри гули лола» дар шаҳри Хуҷанд

26.03.2020 10:29, шаҳри Хуҷанд

Баъд аз анҷоми маросими ботантанаи ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар ҳамин мавзеъи назаррабо бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола», ки мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, доир гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин озмуни зебоӣ пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни сокинони мамлакат, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Ба ин муносибат дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ 300 ҳазор гули лола шинонида шуда, 34 намуди ин гулҳои тароватбахш, ба оилаи гулҳои ҳоландӣ ба монанди силер, долер, палада, калгари, фабио, палушел, пичполсон ва ғайраҳо шомил буда, зиннатбахши ин макони дилписанд шудаанд.

Ба хотири шукуфоии бештари манзараҳои боғи навбунёд дар ҳамин макон 10 намуд гулҳои маҳаллӣ бо фарогирии 270 ҳазор дона, аз ҷумла петуния, марҷонгул, бахмалин, вербина ва ғайраҳо ҳусни  Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро афзун намудааст.

Гурӯҳи карнайнавозон ва дойрадастон бо гулдухтарони ансамблҳои рақсӣ дар даври вилоятии  Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» иштирок карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳорати ширкаткунандагони ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки дар ду тарафи роҳ сурат гирифт, дидан намуданд.

Ҳунарнамоии фолклорсароёни 18 шаҳру ноҳияи вилоят ҷолибӣ диданӣ буд. Дастаҳои фолклорӣ-этнографӣ ва иштирокчиёни фестивал, дар рафти иҷрои сурудҳо дар як вақт нақшҳои наврӯзӣ, баҳор, арӯсу домод ва ғайраро аз давраҳои қадим то ба имрӯз бо сару либосҳои хосаи миллии ҳар давру замон иҷро карданд. Намоиши дастурхони идонаи наврӯзӣ низ бо унсурҳо ва анъанаҳои хоси ин ҷашни қадимӣ дар ҳамин мавзеъ оро ёфта буд.

Дар як вақт дар тамоми мавзеи сабзпӯши боғ аз тарафи мактабҳои мусиқӣ, санъат ва рассомии шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, тарбиятгирандагони боғчаҳо ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ саҳнаҳои композитсионии ҷолиб доир ба мавзӯъҳои «Наврӯз», «Баҳор», «Гули лола» ва бозиҳои миллии Наврӯзӣ иҷро карда шуданд. 

Дар ин ҷо гӯшаи намоиши зинда ташкил карда шуд, ки аз ҳайвоноту парандаҳои нодир ва зебо иборат буд. Аз ҷониби дастандаркорон дар тамоми мавзеи боғ дар тани дарахтон ва наздикии онҳо қафаси парандаҳои хушхон, аз қабили бедона, кабк, саъба, тӯтӣ, товус, тазарв, кабӯтар ва ғайраҳо ҷойгир карда шуданд.

Тазаккур дода шуд, ки Фестивали «Сайри гули лола» имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо ҷашн нест. Лола як  рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаҳои фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд. Дар маросими «Сайри гули лола» аз таҷассуми даҳҳо ҳунари мардумӣ, пешниҳоди рангоранги либоси миллӣ, анвои хӯрокҳои нодири халқӣ, намоиши беназири анвои нонҳои тоҷикӣ, намоиши ороишоти рангину ҳунармандонаи дастони модари тоҷик пешниҳоди мардум мегардад, ки ҳар бинандаро мафтун намудаву ба ваҷд меоранд ва ин раванд дар тарбияи завқу рағбати насли наврас таъсиргузор хоҳад буд.

Аснои боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарнамоии фолклорсароёни шаҳру ноҳияҳои вилоят,  муҳассилини мактабҳои мусиқӣ, санъат ва рассомӣ, тарбиятгирандагони боғчаҳо ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баҳои баланд додаанд.

Дар доираи даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ҳунармандони вилояти Суғд барномаи ҷолиби консертӣ баргузор гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520