Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Сайдалӣ
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имомзода Муҳаммадюсуф 28 апрели соли 1959 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1981 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог, муаллими  забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. Доктори илми филология, узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти меҳнатиро соли 1981 аз лаборанти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳо оғоз намуда, сипас ҳамчун муҳаққиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳонии Академияи илмҳои ИҶШС, Аспиранти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳо ва ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро идома додааст.

Аз соли 1991 то соли 2004 дар вазифаҳои лаборанти калон, омӯзгори калони кафедраи назария ва адабиёти навини тоҷикӣ, муовини декани факултаи филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини тоҷикӣ ва декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2004-2012 Ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия.

Аз соли 2012 то соли 2020 дар вазифаи Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Узви Маҷлиси миллӣ, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2020 Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520