Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе

06.04.2020 14:52, шаҳри Душанбе

6 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои гулу дарахтон дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинос шуданд.

Зимни боздид аз боғҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати парваришу нигоҳубини гулҳо ва дарахтони нодири ороишӣ шинос шуда, ба масъулини муассисаҳои фароғатӣ барои тозаю озода нигоҳ доштани онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Мавриди зикри хос аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат, бахусус пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ин иқдомҳои созанда даҳҳо адад боғҳои замонавии фарҳангию фароғатӣ таъсис ёфтанд, ки имрӯзҳо макони сайру тамошои шаҳрвандон гардидааст.

Аз ҷумла, Боғи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Куруши Кабир, Аҳмади Дониш, Алишер Навоӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Ҷавонон, Наврӯзгоҳ, Хайём ва Восеъ бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат таъсис ёфта, боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ирам, Кули ҷавонон, Боғи кӯдакон, Ғалаба, гулгашти назди бинои Иттифоқи нависандагон ва дигар хиёбонҳо баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, чанд рӯз пеш дар саросари мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” ҷамъбаст гардид ва беҳтаринҳо аз руи бахши беҳтарин гулгашт, беҳтарин боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва беҳтарин композитсияи гулҳо муайян гардиданд.

Дар самти беҳтарин композитсияи гулҳо барои саҳми арзанда дар ободонию хуррамгардонии пойтахт Боғи Аҳмади Дониш бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовор гардиданд.

Барои назаррабо кардани боғ аз ҷониби кормандони ин муассиса қариб як миллион дона гули лола шинонида шуд.

Фаввораҳо, роҳравҳои гулпуш, чароғҳои ранга, нишастгоҳҳо, дарахтони нодири ба саломатии инсон фоидаовар аз ороишоти асосии боғи Аҳмади Дониш ба ҳисоб меравад.

Боғи мазкур бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Аҳмади Дониш” номгузорӣ шуда, соли 2018 бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Боғи мазкур дар майдони қариб 3 гектар бо саҳми Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сохта шуд.

Моҳи ноябри соли 2017 Сарвари давлат аз ҷараёни бунёди боғ  шинос шуда буданд.

Корҳои вобаста ба сарсабзу хуррамгардонии Боғи ба номи Аҳмади Дониш дар асоси тарҳи хос бо як завқи баланд амалӣ гардида, дар ин ҷо бо ҳидояти Пешвои миллат наздики 1000 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ, ки бештари онро аз хориҷи кишвар овардаанд, шинонида шудааст.

Дар озмуни “Сайри гули лола” дар бахши беҳтарин композитсияи гулҳо Боғи ба номи устод Рӯдакӣ ҷойи дуюм ва Боғи ба номи Куруши Кабир ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои гулҳо дар боғи ба номи Куруши Кабир шинос шуда, ба роҳбарияти Агентии давлатии захираҳои моддӣ, ки муассиси ин боғ мебошанд, барои минбаъд ҳам тозаю озода нигоҳ доштан ва баҳри шаҳрвандон муҳайё сохтани имкони мусоиди истироҳату фароғат дастуру маслиҳатҳо доданд.

Ёдовар мешавем, ки 21 январи соли 2018 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар як қатор иншооти пойтахт ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддии давлатӣ барои пурра азнавсозӣ кардани боғи атрофи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дастуру ҳидоятҳо дода буданд.

Дар асоси супориши Пешвои миллат дар ин ҷо майдони футболи хурд, корти теннис, майдончаҳои дигари варзишӣ, аз қабили тенниси руйи миз, нишастгоҳҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфта сохта шуд.

Боғ баъди азнавсозӣ бо тарҳи хеле зебову муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Масоҳати боғи “Куруши Кабир” наздики 5 гектарро ташкил медиҳад.

Барои нигоҳубини боғ ва хизматрасонӣ 40 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд. Дар рафти азнавсозии боғ бошад, 150 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб гаштанд.

Тадбири азнавсозии боғ ҷиҳати ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти кишвар ба роҳ монда шудааст.

Дар ин мавсим аз ҷониби кормандони боғ 552 ҳазор адад 26 намуди гули лола шинонида шуд, ки хеле назаррабо аст.

Дар озмуни “Сайри гули лола” дар самти беҳтарин боғҳои фарҳангу фароғатӣ Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” ва  Муассисаи давлатии илмии “Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон”-и Муассисаи давлатии “Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва Дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гардиданд.

Дар Боғи Ирам низ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо гулҳои ороишёфтаи боғ шинос шуданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчии бевоситаи барномаи базми гули лола гардид, ки он аз ҷониби кормандони Идораи барномаҳои фарҳангию фароғатии телевизиони Тоҷикистон дар як мавзеи зебои Боғи Ирам сабт мегардид.

Ҷавонон, иштирокчиёни барнома донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ҳузури Пешвои маҳбубашон дар васфи лола ва зебоиҳои табиати диёр шеърҳо хонданд.

Сарвари давлат зимни суҳбат ба ҷавонон барои донишомӯзӣ, аз худ кардани илмҳои замони муосир ва забономӯзӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ҳамаи талошҳои Ҳукумати кишвар барои таъмини зиндагии шоиста баҳри шаҳрвандон, бахусус ҷавонони ояндасоз ва ватандӯст равона карда мешавад.

Ҷавонон дар навбати худ ба Пешвои хирадманду инсондӯст изҳори сипос карданд.

Имрӯз ҳамчунин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо вазъи боғи Наврӯзгоҳ шинос шуданд.

Аз ҷониби кормандони муассисаи давлатии Наврӯзгоҳ 357 ҳазор гули лолаи ҳарранга, дарахтони олу, гелос, магнолия шинонидаанд, ки нашъунамои хуб доранд.

Ёдовар мешавем, ки боғи Наврӯзгоҳ 19 марти соли 2014 аз тарафи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусну намои тоза зам кардааст.

Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудаанд, аз ороишоти асосии ин боғи биҳиштосо ба шумор меравад.

Аз ороишоти асосии дигари боғи навбунёди Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он аст, ки бо пахши тугма аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуданд.

Дар маҷмуъ боғи Наврӯзгоҳ як макони зебою дилоро барои сайру тамошо ва истироҳату фароғат аст, ки ба сокинону меҳмонони соҳибзавқи пойтахт пешкаш гардидааст.

Месазад таъкид намуд, ки аксари кулли ороишу зебоиҳои боғи Наврӯзгоҳ маҳсули ғояҳои ободонию созандагӣ, зебоидӯстӣ ва салиқаи баланди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо ҳолати нашъунамои гулҳо ва дарахтон дар боғҳои пойтахт ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатӣ ҷиҳати боз ҳам зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои фароғатӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳими зист ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳо доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520