Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев

09.04.2020 12:23, шаҳри Душанбе

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат паҳлуҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамгироии минтақавиро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо суръати рушди устувори муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ва муҳимияти кӯшишҳои муштараки минбаъдаро баҳри нигоҳ доштани ин раванд зикр намуданд.

Қазоқистон шарики муҳими тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон мебошад ва мамлакатҳои моро анъанаҳои дерини муносибатҳои нек ва дастгирии тарафайн мепайванданд, зикр намуданд Президенти Тоҷикистон.

Дар ин ҳошия ба Ҳукумат ва роҳбарияти Қазоқистон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар ин давраи барои ҳамаамон мушкил изҳори ташаккур карда шуд.

Роҳбари давлати мо омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои таъмини бозори Қазоқистон бо маҳсулоти барвақтии меваю сабзавот дар ҳаҷми зарурӣ, ҳамчунин интиқоли пиёз иброз доштанд.

Дар ҳошияи муҳокимаи масъалаи паҳншавии глобалии коронавируси нав, ҷонибҳо ба ҳамдигар дар бораи вазъияте, ки имрӯз дар пасманзари пандемия дар ду мамлакат ба миён омадааст, маълумот доданд.

Президенти Тоҷикистон вокуниши саривақтии Қазоқистони бародарро ба паҳншавии ин сирояти хатарнок зикр намуданд ва ба тадбирҳои қатъие, ки бо ин мақсад аз ҷониби роҳбарият ва Ҳукумати Қазоқистон андешида шуданд, баҳои баланд доданд.

Президентҳо бо нигаронӣ оид ба равандҳои ҳарчи бештар ба буҳрон фурӯ рафтани иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва оғози таназзули нави глобалӣ изҳори ақида намуданд.

Дар робита ба ин аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар мубориза бо пайомадҳои пандемияи коронавирус таъкид гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520