Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдуллозода Ҷ.А.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 майи соли 2020
№1529

 

 

Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 5 майи соли 2020 дар вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

 Соли таваллуд     09 декабри соли 1966      Ҷои таваллуд  ноҳияи Данғара

 Миллат  тоҷик         Таҳсилот  олӣ

 соли 1989  Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст.

 Ихтисос  кори табобатӣ

 Унвони илмӣ доктори илмҳои  тиб, профессор

 Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ

 Вакили Маҷлиси вакилони халқҳаст ё не вакили маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе

 Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Медали “Шафқат” (соли 2009), Унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2015)

 Вазъи оилавӣ  оиладор  

 Суроға  шаҳри Душанбе, ноҳияи  Исмоили Сомонӣ

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1989 - 1990

табиб-интернаи шуъбаи ҷарроҳии Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №2 ба номи академик К.Тоҷиев, шаҳри Душанбе

Солҳои 1990 – 1992

табиби ҷарроҳи Дармонгоҳи  №7 назди Беморхонаи клиникии шаҳрии №2, шаҳри Душанбе

Солҳои 1992 - 1998

табиби ҷарроҳи Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, шаҳри Душанбе

Солҳои 1998 – 2008

мудири шуъбаи ҷарроҳии Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, шаҳри Душанбе

Солҳои  2008 - 2014

директори Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, шаҳри Душанбе

Солҳои  2014 - 2017

директори Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ, шаҳри Душанбе

Аз моҳи январи соли
2017 то ҳол

Директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии Истиқлол, шаҳри Душанбе

 

Кор ва фаъолият дар кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ

Солҳои  2002-2004

Ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ

Солҳои  2004-2008

Дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ

Аз соли 2008

Аъзои шӯрои диссертатсионии ДДТТ

Солҳои  2008-2014

Профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ

Солҳои  2015-2017

Мудири кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ

Аз соли 2017 то инҷониб

Профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520