Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун

28.05.2020 08:54, ноҳияи Ҷайҳун

28 май баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”, дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ кишоварзон намудҳои гуногуни маҳсулотро ба маъраз гузоштанд. Ноҳияи Ҷайҳун дар ҷумҳурӣ аз минтақаҳои калони аграрӣ буда, шуғли асосии сокинони он зироаткорӣ аст ва таҷрибаи хоҷагиҳои ноҳия асосан дар самти парвариши сабзавоту полезӣ, шолӣ ва лимӯ миёни деҳқонони дигар ноҳияҳо пайваста мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, ки теъдодашон ба зиёда аз 3800 адад мерасад, бештар ба кишти пиёз машғуланд ва бо ин кор шуҳрат ҳам ёфтаанд. Соли равон деҳқонони ин ноҳия дар майдони 3721 гектар пиёзи барвақтӣ кишт намуда, то ҳол аз майдони 3400 гектар 142 ҳазору 130 тонна ҳосил ба даст овардаанд, ки ба ҳар гектар 418 сентнерӣ рост меояд.

Дар баробари ин, сокинони ноҳия дар парвариши пахта, ғалладона, аз ҷумла навъҳои гуногуни гандум, шолӣ, ҷуворимакка, полезиҳо ва сабзӣ машғул мебошанд.

Тибқи иттилои масъулини идораи кишоварзии ноҳия, имрӯз ноҳияи Ҷайҳун бозори истеъмолии ҷумҳуриро бо пиёзи барвақтӣ, полезиҳо, сабзӣ, меваҳои ситрусӣ ва ғайраҳо пурра таъмин месозад.

Ҳамасола дар баробари таъмини бозори дохилӣ, инчунин зиёда аз 26 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ нишондоди назаррас дониста мешавад.

Дар самти самаранок истифода бурдани замин низ деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун таҷрибаи ибратбахш доранд. Дар мавсими ҷорӣ хоҷагидорон тасмим доранд, ки дар майдони 6 ҳазору 700 гектар анвои гуногуни зироати кишоварзӣ, аз ҷумла дар масоҳати 1800 гектар сабзӣ кишт карда, ҳосили баланд ба даст оранд.

Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун аз ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, қавл доданд, ки минбаъд бо меҳнати софдилона дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон ва афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат саҳми худро боз ҳам бештар хоҳанд кард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳияи Ҷайҳун барои таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ба сохторҳои масъули ҷумҳуриявию маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дода, дастур доданд, ки бобати баҳрабардории самараноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин аз тамоми имкониятҳо пурра истифода баранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520