Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Хистеварз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

30.06.2020 07:06, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ба истифода доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз болои лавҳа, дар ҳамин ҷо Парчами миллиро парафшон намуданд.

Бояд қайд кард, ки иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд гардида, дар маҷмӯъ масоҳати 0,45 гектар заминро дар бар мегирад. Баландии Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Хистеварз бо таҳкурсияш 50 метрро ташкил дода, бо истифода аз масолеҳи хушсифат, ки ба тамоми вазъи боду ҳаво муносиб мебошад, бунёд ёфтааст. Таҳкурсии иншоот бо сангҳои гуногун оро ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ дар майдон ва сутунпояи Парчами давлатӣ соли 2019 оғоз гардида буд. Дар ин муддат сохтмончиёни маҳаллӣ бо назардошти меъёрҳои қабулшудаи сохтмонӣ иншоотро бунёд ва ин ҷоро ба макони зебои сайру саёҳати мардум табдил доданд.

Хусусан атрофи иншоот бо шаклу услуби хоси меъморӣ оро ёфта, дар майдон гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Дар ду тарафи Парчами давлатӣ фаввораҳои зебо бунёд гардида, Майдони Парчам ба пуррагӣ чароғон карда шудааст. Бояд қайд кард, ки сохтмони майдону парафшон намудани Парчами давлатӣ ба хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии мардум дар тамоми шаҳру ноҳия ва марказҳои деҳот сурат мегирад. Аз ҷумла давоми чанд соли охир дар аксари ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ Парчами давлатӣ қомат афрохт.

Ҳамчунин дар доираи корҳои ободонӣ дар деҳоти Хистеварз, роҳҳои гирду атрофи Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон мумфарш гардида, сокинони ноҳия бо вусъати корҳои ободониву созандагӣ ҳадаф доранд, ки 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои чашмрас истиқбол гиранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои нигоҳубини дурусту ҳифзи чунин маконҳои фароғатӣ ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520