Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Суғдиён» дар шаҳри Хуҷанд

02.07.2020 08:51, шаҳри Хуҷанд

2 июл дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён» шинос шуданд. 

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин корхонаи дӯзандагӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» пурра таҷдиду навсозӣ ва бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагӣ, рангу бори матоъ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардидааст. Дар корхонаи мазкур бо фароҳам овардани шароити мусоид дар як баст зиёда аз 200 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, дар асоси талаботи бозори дохилӣ ва фармоиши ташкилоту муассисаҳо дӯхти либосро ба таври васеъ ба роҳ мондаанд.

Мавриди зикр аст, ки корхонаи мазкур соли 1992 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд ва ҳудуди он 4,26 гектарро ташкил медиҳад.  Бо сабаби вазъияти ногувори солҳои баъдӣ корхона тамоман аз фаъолият бозмонда, аксари кормандони муҳандисию техникии он бекор монданд. Дар ин корхона дар як вақт ҳамагӣ 15 нафар кору фаъолият намуда, инчунин дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагияш пурра корношоям гардида буд.

Роҳбарияти ҶСП «Корпоратсияи Сомон Суғд» дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади саҳмгузорӣ дар самти расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат корхонаи дӯзандагии «Суғдиён»-ро ба пуррагӣ барқарор намуда, дӯхти либосҳои гуногунро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монданд. 

Дар баробари васлу насби 180 дастгоҳи наву замонавии дӯзандагӣ, инчунин коргоҳҳои шустушӯю пардоздиҳӣ ва рагуборкунии ин корхона ба таври муосир сохта шудаанд ва оянда кор дар ин ҷо шабонарӯзӣ ба роҳ монда мешавад, ки боз 200 нафари дигар бо ҷойи кору маоши хуб таъмин мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Суғдиён» бо чандин ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, ба монанди «Текстил трейд»-и Федератсияи Россия ва «Бил Бом Бо»-и Ҷумҳурии Белорус шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва дар оянда маҳсулоти дӯзандагии ин корхонаи калони шаҳри Хуҷанд ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.

Айни замон дар корхонаи мазкур дар баробари дӯхти  либосҳои зебою шинам барои кӯдакон ва калонсолон, инчунин истеҳсоли ниқобу хилъатҳои муҳофизатии тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба сифати либосҳои дӯхташаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити имрӯза бо назардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа, ба бозор маҳсулоте роҳ меёбад, ки сифати баланд дошта бошад ва корхона ба рақобат тоб оварда тавонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дӯхти либоси босифат, пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ин ҷо, ҳамчунин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи корхонаҳои истеҳсоли шишаи сохтмонию маишӣ ва рангубори ресмони пахтагин, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки корхонаи истеҳсоли шишаи сохтмонӣ ва маишӣ бо харҷи 22 миллион доллар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд карда мешавад.

Дар ин корхона бояд дар як сол 7 миллиону 200 ҳазор метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ ва маишӣ истеҳсол карда шавад.

Корхонаи рангубори ресмони пахтагин бошад, дар заминаи бинои нотамоми ҳамшафати ҶДММ «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо харҷи 2 миллиону 500 ҳазор доллар бунёд хоҳад шуд.

Тибқи нишондоди лоиҳа дар ин корхона дар як сол 3 ҳазору 600 тонна ресмони пахтагин рангубор карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520