Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

04.07.2020 11:28, шаҳри Душанбе

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисту ду қонун ба имзо расонда шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд. 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” шаклҳои ёрии ҳуқуқии ройгон ва тартиби расондани онҳоро муайян менамояд. Тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд. 

Дар асоси иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар  бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” воридгардида, вобаста ба пайомадҳои ногувори иқтисодиву иҷтимоии бемории COVID -19 имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд, ки мувофиқи онҳо шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои тиббиву маишӣ аз пардохти намудҳои алоҳидаи андоз дар мӯҳлатҳои муайян озод карда мешаванд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва “Дар бораи боҷи давлатӣ” бо мақсади осону содда гардондани  барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва рушди соҳибкорӣ равона гардида, дархости электронии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва барасмиятдарории электронии онро муқаррар менамояд. Ҳамчунин ин тағйиру иловаҳо боҷи давлатиро барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии  шартномаи гарав, барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда ва барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул бекор мекунанд. 

Қонунҳои баимзорасида ба дастрасии мардум ба ёрии ҳуқуқии ройгон, пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва таъмини сиҳатии аҳолӣ, дастгирии соҳибкорӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд. 

Матни пурраи қонунҳо дар матбуот чоп мешаванд. 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520