Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

21.07.2020 15:56, шаҳри Душанбе

21 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, раиси Суди Олӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаи мураккаб гаштани вазъ дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар минтақаи ҷанубии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасии Шӯрои амнияти кишвар қарор дода шуд.

Бо назардошти шадид гардидани вазъи сиёсӣ дар ин минтақа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш доданд, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд. Супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳади давлатӣ иқтидори муҳофизатии сарҳад пурзур карда шавад.

Ҳамчунин Сарвари давлат дастур доданд, ки дар баробари пурзур кардани иқтидори ҳимоявии сарҳад ба масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, аз ҷумла пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таваҷҷуҳи махсус равона созанд.

Дастуру супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба пурзӯр намудани қудрати мудофиавии давлат, тақвият бахшидани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марзу буми кишвар, кормандони мақомоти судӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520