Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи меҳмонхонаи муосири “Чорчаман Хилс” дар Истироҳатгоҳи “Чорчаман”-и ноҳияи Дарвоз

19.08.2020 15:07, ноҳияи Дарвоз
Ифтитоҳи меҳмонхонаи муосири “Чорчаман Хилс” дар Истироҳатгоҳи “Чорчаман”-и ноҳияи Дарвоз  19.08.2020

Баъди гузоштани санги асос барои бунёди мактаби Президентӣ дар  ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳ ҳангоми ҳаракат ба сӯи Истироҳатгоҳи “Чорчаман” бо як гуруҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом доданд.

Сокинони минтақаи наздисарҳадии кишвари ҳамсоя Пешвои миллатро ба ноҳияи Дарвоз самимона хайрамақдам гуфта, барои имкони дидору мулоқот изҳори сипоси беандоза карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳову ташаббусҳо ва масъалагузорию иқдомҳои созанда бар нафъи аҳли башар дар арсаи олам шинохта шудаанд ва шаҳрвандони кишвари ҳамсоя зимни суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон барои ҳалли мушкилоти рузгорашон, аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ, неруи барқ, алоқа, набудани роҳи мошингард ва дигар камбудиҳои ҷойдошта, муроҷиат карданд.

Мавриди зикр аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати бобарори хориҷии Ҳукумати мамлакат ва дар чаҳорчуби робитаҳои гуногунҷанба дар болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон пулҳои дӯстӣ бунёд кардаанд. Бо сохтмони ин пулҳо рафтуомади бемамониати шаҳрвандони ду кишвар оғоз шуда, бозорҳои наздисарҳадӣ ташкил гардид, ки сокинони ду тарафи соҳил аз он барои таъмини эҳтиёҷоти зиндагии хеш бо молу маҳсулоти ниёзи аввал самаранок истифода мебаранд.

Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сатҳи кунунии ҳамкории судманди ду кишвари дӯст, ҳамҷавор, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистону Афғонистон ибрози андеша карда, таъкид доштанд, ки ҳамаи мушкилиҳо дар доираи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо мекунанд.

 Шаҳрвандони кишвари ҳамсояи Афғонистон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имкони мулоқот ва нақшаву ниятҳои нек баҳри истиқрори сулҳ дар Афғонистон, дарёфти роҳҳои рушди иқтисоди миллии давлати дӯсту ҳамсоя ва дигар иқдомҳои башардӯстона бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истироҳатгоҳи Чорчаман меҳмонхонаи наву замонавии “Чорчаман Хилс”-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба хотири ободии як гӯшаи диёр, ҷалби сайёҳон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

 Меҳмонхонаи сеошёна аз 25 ҳуҷра иборат буда, баъди бунёди он дар ин ҷо то 20 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Тамоми таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимоти меҳмонхона, инчунин хизматрасонӣ ҷавобгу ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин карда шудааст.

Меҳмонхонаи “Чорчаман Хилс” дар як гӯшаи зебои истироҳатгоҳ бо тарҳи замонавии меъморӣ бунёд шудааст.

Мақсади асосии сохтмони меҳмонхона ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат “Дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад.

Меҳмонхонаи “Чорчаман Хилс” дорои хизматрасониҳои васеъ, аз ҷумла саёҳати меҳмонон ба ҷойҳои тамошобоб пешбинӣ гардидааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520