Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон

20.08.2020 12:52, ноҳияи Рӯшон
Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон  20.08.2020

Дар ноҳияи Рӯшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар маркази ноҳия - шаҳраки Вамар қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Майдони Парчами миллӣ дар канори рудхонаи Панҷ дар як мавзеи қаблан бекорхобида бо баландии 30 метр сохта шуда, паҳноии матоъи Парчам 6 ва дарозиаш 13 метрро ташкил медиҳад.

Сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ва боғи фароғатӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30 - солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон аз ҷониби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.

Роҳравҳои майдони Парчами давлатӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сафолакпӯш гардида, дар шафати он ҳавзи оббозӣ барои кӯдакону наврасон бунёд шудааст.

Ҳамчунин гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию мевадиҳанда майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Рӯшонро оро медиҳанд.

Ҳудуди майдони Парчами давлатӣ ва боғи навбунёд чароғон карда  шуда,  барои фароғати сокинон курсиҳо гузошта шудааст. Бо бунёд шудани майдони Парчами давлатӣ ва боғи фароғатӣ боз як гӯшаи ноҳия ободу зебо гардида, ба як макони дилфиреби сайру тамошои сокинону меҳмонони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон  табдил  ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастуру ҳидоят доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузоштани Нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст, зеро нишон ва ҳам парчам аз муқаддасоти миллат ба шумор меравад.

Дар маҷмуъ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон сохтмони 142 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар доираи ин тадбирҳои бунёдкорона ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат боз ҳам ободу зебо мегардад. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520