Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшон

20.08.2020 14:35, ноҳияи Рӯшон
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшон  20.08.2020

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Майдончаи муосири варзиширо мавриди истифода қарор доданд.

Майдончаи варзишии замонавӣ аз тарафи соҳибкори саховатпешаи маҳаллӣ Ризвонзода Сафар сохта шудааст.

Оилаи Ризвоновҳо дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаю ташаббусҳои беназири Пешвои миллат иқдом гирфтанд, ки барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар фурсати кӯтоҳ чунин як иншооти варзишии муосирро бунёд намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми ҷавонмардони соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипос намуда, амали бунёдкоронаи ӯро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 800 метри мураббаъ мебошад ва дар он бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол гузаронида мешавад.

Акнун ҷавонону наврасони хуштолеи ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол имкони васеи машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзишро дар ин майдонча пайдо карданд.

Дар шафати варзишгоҳ майдони васеи футбол мавҷуд аст. Ҳамчунин як майдончаи бозӣ барои кӯдакон низ бунёд шуда истодааст ва он рӯзҳои наздик пурра ба истифода супорида мешавад.

Дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон 3 майдончаи муосири варзишӣ мутобиқ ба талаботи замон бунёд шудааст ва ҳоло сохтмони боз 3 майдонҳои варзишии дигар низ бо ҷалби ҷавонмардони саховатманд идома дорад.

Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Рӯшон беш аз 20 иншооти варзишӣ мавҷуд аст.

Айни замон дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Рӯшон 646 нафар наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб карда шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520