Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода

07.09.2020 08:12, шаҳри Турсунзода
Оғози сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода   07.09.2020

7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷроиши “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.

Бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода имрӯз дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз хоҷагиҳо байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода, мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироатҳо ва дигар маводи ниёзи аввал, шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста мешавад.

Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои охир аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири мутобиқ ба талабот таъмин кардани сокинон бо молу маҳсулоти ниёзи аввал тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Аз ҷумла, тамоми бозорҳои пойтахт барои харид ва ба таври кофӣ захира кардани маводи хӯрокворӣ омода карда шудаанд. Дар пойтахти кишвар барои захира кардани меваю сабзавот ва дигар зироатҳо сардхонаву анборҳои ҳаҷмашон калон ва муосир бунёду ба истифода дода шудааст.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ба хотири амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ, заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳоро обёрӣ карда, ба гардиши кишоварзӣ медароранд. Ин тадбирҳои судманди Ҳукумати кишвар омили муҳими таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии кишвар мебошад.

Дар ин сафари корӣ Сарвари давлатро муовини Сарвазири мамлакат ва роҳбарони баъзе вазорату кумитаҳо ҳамроҳӣ менамоянд.

Нахуст Сарвари давлат дар Кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ”, воқеъ дар деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба чиниши пахта оғоз бахшида, бо хоҷагидорони шаҳр вобаста ба мақсаднок истифода бурдани замин, гирифтани се-чор ҳосил аз як замин ва захираи саривақтии маҳсулоти озуқаворӣ барои давраи зимистон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Тибқи иттилоъ дар тавозуни Кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ” 709 гектар, аз ҷумла 214 гектар замини корами табии обёришаванда, беш аз 60 гектар замини корами тавассути пойгоҳи обкашӣ обёришаванда ва 433 гектар замини корами лалмӣ мавҷуд мебошад.

Соли ҷорӣ дар заминҳои мавҷудаи хоҷагӣ пурра кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 199 гектари онро пахта ташкил медиҳад. Хоҷагидорон мутобиқ ба иқлим тухмии навъҳои “Фаровон”, “Зироаткор”, “Дӯстӣ”, “Истиқлол” ва “Флеш”-ро кишт намуда, бо анҷоми саривақтии корҳои агротехникӣ ҳосили фаровонро интизор мебошанд.

Риояи дурусти талаботи агротехникӣ, хоса истифодаи тухмии мутобиқ ба иқлим ва серҳосил, коркарди байни қаторҳо ва анҷоми саривақтии дигар корҳои барои нашъунамои хуби зироат муҳим фаровонии ҳосили майдони пахтазорро дар хоҷагӣ таъмин намуд.

Имрӯз қариб дар ҳамаи майдони пахтазори хоҷагӣ ҳосил барои ҷамъоварии навбати аввал омода мебошад.

Хоҷагидорони Кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ” дар кишту парвариши дигар навъи зироати кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, сабзавот, лубиёгиҳо, зироати техникӣ, инчунин боғу токпарварӣ низ таҷрибаи ғанӣ дошта, ҳамасола бо ба даст овардани ҳосили дилхоҳ дар фаровонии бозори истеъмолии мамлакат, инчунин содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар саҳми назаррас мегузоранд.

Ҳам дар заминҳои корами обӣ ва ҳам лалмӣ аз ҷониби саҳмдорони хоҷагӣ дар масоҳати зиёда аз 455 генктар ғалладонагиҳо, 3,43 гектар сабзавот, 3,40 гектар лубиёдонагӣ, 29 гектар зағер ва дигар навъи зироат кишт карда шудааст. Хоҷагӣ дорои 75 гектар боғу токзор мебошад.

Ба ҳолати 31 августи соли ҷорӣ ҳосилнокии ғалладонагиҳо аз заминҳои корами обӣ 37,34 сентнер, аз заминҳои лалмӣ 13,84 сентнер, лубиёгиҳо 4,34 сентнер, зағер 3,6 сентнер, картошка 307 ва сабзавот 312 сентнерро ташкил додааст.

Аз ҳар гектари боғҳои мевадиҳанда бошад, ба ҳисоби миёна 16,4 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд.

Дар Кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ” 598 нафар саҳмдор ба қайд гирифта шуда, 50 нафар коргари доимӣ дорад.

Дар мавсими кишт, парвариш ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ бошад, беш аз 300 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои саҳроӣ ҷалб мешаванд.

Ба хотири иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва бо мақсади саҳм гузоштан дар фаровонии маҳсулот хоҷагидорони Кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ” кишти такрории зироатро вусъат бахшида, дар майдони қариб 25 гектар сабзавот ва хӯроки чорво кишт намудаанд.

Самти дигари фаъолияти Кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ” тухмипарварӣ буда, ҳамасола хоҷагидорон барои қонеъгардонии талаботи худӣ, инчунин дастрас намудан ба дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ тухмиҳои хушсифати зироатро истеҳсол менамоянд. Тибқи маълумот аз ҳосили пахтаи соли гузашта ба миқдори 70 тонна ва аз ғалладонагиҳо 102 тонна тухмӣ захира намуда, онро соли 2020 кишт кардаанд. Ба ғайр аз ин ҳамасола хоҷагидорон ба дигар кишоварзони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав тухмии хушсифат дастрас намуда, дар татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2016-2020” саҳми арзишманд гузоштаанд.

Дар дигар хоҷагиҳои шаҳр низ ҷамъоварии пахта оғоз гардид. Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки имсол майдони умумии ин навъи зироати техникӣ дар шаҳри Турсунзода ба 1177 гектар баробар гардидааст ва ҳосили миёнаи интизориро мутахассисони соҳа 22 сентнер муайян намудаанд. Аз рӯи ҷамъоварӣ ва муайян гардидани ҳосили интизорӣ имсол хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Турсунзода бояд 2590 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ”-ро дар самти кишту парвариши зироати кишоварзӣ, истеҳсоли тухмии хушсифат ва саҳми арзанда гузоштан дар фаровонии бозори истеъмолӣ шостаи таҳсин ҳисобида, таъкид доштанд, ки анҷоми корҳои назаррас, аз ҷумла истифодаи мақсадноку самарабахши ҳар ваҷаб замин ва гирифтани се-чор ҳосил дар як сол боиси амалӣ шудани ҳадафи стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат мегардад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520