Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барафрохтани Парчами давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020 11:45, ноҳияи Мастчоҳ
Барафрохтани Парчами давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ   14.09.2020

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатиро барафрохтанд.

Парчами давлатӣ дар кӯчаи Саидшариф Шарифови шаҳраки Бӯстон дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеъи сокинон партавафшон карда шуд.

Майдони Парчами давлатӣ дар шафати бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст ва ба ҳусни ин мавзеъ зебогии боз ҳам бештар зам менамояд.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 ва паҳноии он 7 метрро ташкил медиҳад. Иншоот дар масоҳати 0,71 гектар бунёд гардида, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст.

Дар майдони Парчами давлатӣ беш аз 80 бех дарахти ороишии ҳамешасабз шинонидаанд ва дар маҷмӯъ шумораи дарахтони ин мавзеъ зиёда аз 100 бехро ташкил дода, масоҳати сабзазор ба 3100 метри мураббаъ баробар мебошад. Дар назди Парчами давлатӣ ду фаввора ва дар ду шафати он суҳбаткада бунёд гардида, ҳамчунин 10 адад нишасткурсӣ насб шудааст.

Баробари барафрохтани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Мастчоҳ барои сокинон боз як макони сайругашт ва истироҳату фароғат фароҳам омад.

Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳия барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ - оммавӣ низ мусоид мебошад.

Атрофи Парчами давлатӣ дар масоҳати 3 ҳазору 400 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Дар ин мавзеъ дар сутунпояҳои зебои гуногунҳаҷм 17 адад чароғаки ҳархела насб намудаанд, ки баробари равшаннамоӣ, ҳамчунин зебоиро дар майдон таъмин менамоянд.

Бино ба такъиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд нишона аз арҷу эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ буда, ин омил боиси баланд гардидани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию меҳанпарастии насли наврасу ҷавон мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520