Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз “Хона-музей”-и Нозимҷон Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

16.09.2020 11:08, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Боздид аз “Хона-музей”-и Нозимҷон Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  16.09.2020

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, дар деҳоти Ёва  аз “Хона-музей”-и  Нозимҷон Усмонов дидан карданд.

“Хона-музей” соли 2014 бо иқдоми  шахси равшанфикр Нозимҷон Усмонов ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 1500 намунаи нигора ва ёдгориҳои таърихӣ ҷамъоварӣ карда шудааст. Тибқи иттилоъ нигораҳои таърихӣ, асбобу анҷоми қадимаи рузгордорӣ  аз  асрҳои 17-18 боқӣ мондаанд. Асбобҳои дар “Хона-музей” гирд овардашуда давраи зиндагонӣ ва урфу одати  ҳамонвақтаи миллати тамаддунофари тоҷикро инъикос мекунад. 

Дар “Хона-музей” кӯзаҳои сафолӣ, миссӣ, асбобҳои мусиқӣ, асбобҳои кишоварзӣ, намунаи ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аз кабили кандакорӣ, хумдонҳои сафолӣ, оҳангарӣ ва ғайра нигаҳдорӣ карда мешаванд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Нозимҷон Усмонов барои ташкил кардани “Хона-музей” аз соли 2000-ум  сар карда то имрӯз аз тамоми гӯшаву канори мамлакат намунаи зиёди осори  таърихиро ҷамъоварӣ намуда, дар хонаи истиқоматии худ ин макони  аҳамияти таърихидоштаро таъсис додааст.

“Хона-музей” намои қадимаро ба худ касб карда,    он тарзу усули зиндагонии аслии давраи гузаштаи халқи тоҷикро муаррифӣ мекунад. Аз замони таъсисёбии “Хона-музей” то имрӯз шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ  ба ин ҷо ташриф оварда, аз таъриху тамаддуни оламшумули халқи  тоҷик  воқиф гардида, таассуроти маънавӣ бардоштанд.

Дар сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи дубораи расму оин ва ҳунарҳои мардумӣ ҷойгоҳи махсус дошта, дар ин самт тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ  иқдоми пешгирифтаи сокини деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нозимҷон Усмоновро барои дар манзили истиқматиаш ташкил кардани “Хона-музей” аҳсану офарин хонда, ин ташаббуси некро дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии он шоистаи таҳсин хонда, ин оиларо барои дигарон намунаи ибрат хонданд. 

Ёдовар мешавем, ки ҷамъоварӣ намудани намунаи ёдгориву осори  таърихӣ, ки дар “Хона-музей” нигаҳдорӣ карда мешаванд, аҳамияти махсус дошта, ҷиҳати тарғиби эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва мероси гаронбаҳои миллат аҳамияти хосса дорад. Зеро дар шароити гуфтугӯи тамаддунҳо, ҳифзи арзишҳои миллӣ, донистани таърих ва гӯзаштаи пурифтихори миллати тоҷик  барои ҷавонон  муҳиму саривақтӣ мебошад.

Оилаи Усмоновҳо дар ноҳия намунавӣ буда, маданияти баланди рӯзгордорӣ доранд. Бо назардошти омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар ин оила маводи хӯрока, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, гандум, лубиёгӣ, картошка ва ғайра ба таври кофӣ захира карда шудааст. Маҳсулоти кишоварзӣ,  аз қабили донагӣ дар зарфҳои махсус ҷой карда шудааст, ки онро метавон ду то сол беталаф нигоҳ дошт.

Соли равон бо ҳамроҳии фарзандон аз ҳосили дарахтони мевадиҳандаи  ҳавлӣ, мураббо, афшураи шафтолу, зардолу ва аз бодирингу памидор кансерва омода карда, барои хонадон  захира кардаанд.   

 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар даромадгоҳи “Хона музей” дар сатҳи баланд ташкил карда шуд, дидан карда, ба ҳунари волои занону духтарони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд доданд. Дар намоишгоҳ маҳорати кадбонугии занон аз қабили нонпазӣ, омода намудани хӯрокҳои миллӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд.

Ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони хонашин  коргоҳи хурди қаннодӣ ташкил карда шуда, бештар аз 15 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Дар коргоҳи қаннодӣ номгӯйи зиёди кулчақандҳо, шириниҳо ва ғайра омода карда мешавад.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров занони ҳанарманд зиёд буда, онҳо тарзи омода намудани хӯрок, пухтани нон, шириниҳо ва ғайраро ба ҷавондухтарон омӯзонда, ба ин васила дар рушди ҳунарҳои халқӣ саҳм мегузоранд.

Атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумлаи бахшҳои рушдкардаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб мераванд.  Дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  занону духтарон бештар ба ҳунаромӯзӣ, ривоҷу равнақ додани қолинбофии дастӣ ва эҳёи дубораи анъанаҳои миллӣ ҷалб гардидаанд.

Ҳунармандон таъкид медоранд, ки аз ҳисоби маҳсули дастони хеш даромади хуби иқтисодӣ ба даст оварда зиндагиашонро пеш мебаранд. Ҳоло дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 3 ҳазор нафар занону духтарон ба ҳунармандӣ машғул буда, танҳо дар соли 2020 қариб 400 нафар ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб гардидаанд. 

Маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз полезиҳо ва дигар зароат, ки ба намоиш гузошта шуд аз ҳосили фаровони имсола дар ноҳия дарак медиҳад. Соли равон кишоварзон дар натиҷаи оқилонаву самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини корам махсусан  заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оварда, нахуст талаботи оилаи хешро қонеъ гардонда инчунин дар таъмини  бозори истеъмолӣ саҳм мегузоранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520