Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории ватанӣ - ҶДММ “Ситабр Агро” дар шаҳри Ҳисор

18.09.2020 08:52, шаҳри Ҳисор
Ифтитоҳи Корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории ватанӣ - ҶДММ “Ситабр Агро” дар шаҳри Ҳисор  18.09.2020

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор дар деҳаи “Ҷавонон” Корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситабр - Агро”-ро ифтитоҳ карданд.

 Корхонаи “Ситабр - Агро” дар шаҳри Ҳисор аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Холиқов бо мақсади дар амал татбиқ кардани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамар аз иқтидорҳои мавҷуда дар мамлакат сохта шуда, бо хатҳои технологии муосир таъмин мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи ноябри соли 2018 дар доираи нақша - чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта буд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин буданд.

Фаъолияти корхона мавсимӣ буда, дар он зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ аксаран духтарони хонашин пас аз омӯзиш бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда шуданд.

Самти фаъолияти корхона ба коркард ва бандубасти ҷуворимакка равона гардида, дар асоси нақша дар оянда бо васеъсозии фаъолият имкони таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва роҳандозии дигар раванди истеҳсолот ба роҳ монда хоҳад шуд.

Соҳибкори ватанӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша дорад, ки бо мақсади ғановати бозори истеъмолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ояндаи наздик коркард ва истеҳсоли лаблабу, сабзӣ, каду ва дигар навъи сабзавотро низ ба роҳ монад.

Дастгоҳу таҷҳизот ва дигар хатҳои технологии корхонави навтаъсис аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия ворид карда шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 24 тонна маккаи дон буда, коркард ва истеҳсоли маҳсулот бидуни истифода аз маҳлулҳои кимёвӣ сурат мегирад.

Истеҳсолоти корхона зери тамғаи “Бомазза” дар бастаҳои 285 ва 450 грамма дар бозори дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, бо ҳамин ном содироти он низ роҳандозӣ гардидааст.

 Маҳсулоти корхона аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, муҳлати истифодабарии он то 18 моҳ муайян карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандон ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю хушсифат, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, барои истифода пурсамару мақсаднок аз имконоти васеъ дар ин самт дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Дар шаҳри Ҳисор ҳамасола кишоварзон дар кишти такрорӣ баробари дигар анвои зироати ба обу иқлими минтақа мувофиқ майдони ҷуворимаккаро низ васеъ мекунад.

Аҳли заҳмати шаҳр соли равон низ майдони маккаи донро ба таври васеъ ба роҳ мондаанд, ки аз ин ҳисоб ҳосили фаровонро интизоранд.

Ба фаъолият оғоз кардани корхонаи коркард ва бандубасти ҷуворимакка дар шаҳр имкон медиҳад, ки аз талафоти ҳосили маккаи дон пешгирӣ ва дар боло бардоштани иқтисоди хоҷагидорон саҳми бештар гузошта шавад.

Дар шаҳри Ҳисор дар доираи амалӣ гардидани ҳадафҳо дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати мамлакат бунёду навсозии корхонаҳои зиёди саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520