Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар видеоконференсия бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ

21.09.2020 15:23, шаҳри Душанбе
Суханронӣ дар видеоконференсия бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ  21.09.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар видеоконференсия бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, ки дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Бурҳониддин Раббонӣ ҳамчун шахсияти боматонат, таҳаммулгаро, инсондӯст, дурандеш ва сиёсатмадори варзида дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва берун аз он бо некӣ ёдовар шуда, нақши уро дар талошҳои пайгирона ба хотири истиқрори сулҳу оромӣ дар минтақа ва Афғонистон назаррас арзёбӣ намуданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои раёсати профессор Раббонӣ яке аз давраҳои мушкилтарини таърихи муосири Афғонистон ба ҳисоб рафта, Ӯ муддати 50 сол дар меҳвари равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фикрии кишвараш қарор дошт.

Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Раббонӣ ба унвони як сиёсатмадори шинохта дар раванди сулҳи тоҷикон саҳмгузор буд.

Бо ёдоварӣ аз муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихии ду кишвари ҳамҷавор Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлуи ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дошт ва минбаъд низ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи ин кишвари дӯсту бародар пуштибонӣ хоҳад кард.

Тоҷикистон ҷонибдори истиқрори сулҳ ва рушди иқтисодиву зербиноии Афғонистон мебошад, то ки тамоми мардуми ин кишвари бостонӣ дар фазои амну субот ва саодату рифоҳ зиндагӣ намоянд, таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори боварӣ намуданд, ки мардуми шарифи Афғонистон, ки чунин шахсиятҳои барҷаста, аз қабили профессор Раббонӣ дорад метавонад тақдиру ояндаи сарзамини куҳантаърихи худро ба даст гирифта, ба хотири расидан ба амнияти пойдор, сулҳу суботи устувор ва ободии кишвари худ пайгирона талош намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520