Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми видеоӣ дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид

21.09.2020 21:49, шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи видеоконференсия дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар тӯли ин солҳо Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалӣ ташаккул ефта, тавонист ба як платформаи муҳимму фарогири ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ табдил ёбад.

Фаъолияти он вобаста ба тағйирёбии босуръати вазъ дар арсаи байналмилалӣ ва вусъат пайдо кардани чунин таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва бемории сироятии коронавирус бори дигар аз он шаҳодат дод, ки аксари кишварҳои дунё ба таҳким бахшидани муносибатҳои бисёрҷониба ниёз дошта, дар ин ҷода Созмони Миллали Муттаҳидро ҳамчун шарики боэътимод мебинанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, бахусус дар пасманзари афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ мо бояд барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи инсоният ҳамеша омода ва муттаҳид бошем ва дар ҳалли тамоми мушкилоти глобалии сайёра пайваста бо ҳам ҳамкории густурда намоем.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид ба марҳилае рост меояд, ки ҷаҳонро таҳдиду хатарҳои бесобиқа фаро гирифтаанд ва инсоният танҳо тариқи муколама ва ҳамкории глобалӣ метавонад, дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир муваффақ бошад.

Тоҷикистон ният дорад, ки саъю талошҳоро ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои созанда дар масоили марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим муштарак бо дигар кишварҳо тақвият бахшида, дар баробари ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонӣ, барои ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар соҳаи тандурустӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад, изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити хатару таҳдидҳои шиддатёбанда вокунишҳои бетаъхир бар пояи ягонагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи судмандро даъват намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520