Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Бохтар

22.09.2020 18:51, шаҳри Бохтар

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!

Қабл аз ҳама, ба сокинони шаҳри Бохтар барои пазироии самимӣ арзи сипос карда, ба хонадони ҳар яки онҳо файзу баракат ва зиндагии ободу осуда орзу менамоям.

Имрӯз хуб мушоҳида мегардад, ки шаҳри Бохтар дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, заҳмати содиқонаи сокинон, соҳибкорону шахсони саховатпешаи он ва фаъолияти самараноки роҳбарияти вилоят хеле ободу зебо шудааст.

Дар 29 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бохтар аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Дар ин давра дар шаҳри Бохтар 24 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 730 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо барои беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ, таҷдиду нигоҳдории роҳҳо, сохтмони хатҳои интиқоли барқ, дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ, барқароркунии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва дигар инфрасохтори шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Ҳоло дар самти беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тақвияти таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ, беҳтаргардонии хизматрасониҳои нақлиётӣ, беҳсозии хизматрасониҳои коммуналӣ, дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва кумак ба оилаҳои осебпазир дар муқовимат ба вируси КОВИД-19 татбиқи 14 лоиҳаи дигар идома дошта, маблағи дар доираи онҳо азхудшуда зиёда аз 190 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҳамаи сарчашмаҳо танҳо ба сармояи асосӣ дар шаҳри Бохтар дар ҳаҷми 1,2 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ амалӣ гардида, 250 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ, беш аз 4000 ҷойи нишаст дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, беморхона барои 300 кат ва дармонгоҳҳо барои қабули 730 нафар дар як баст ба истифода супорида шудаанд.

Мувофиқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30 - солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Бохтар бунёди 307 бинову иншоот пешбинӣ гардидааст. Дар давоми ду солу ҳафт моҳи охир бунёди 155 иншооту биноҳо ба анҷом расида, то охири сол ба истифода додани боз 60 иншооти дигар дар назар аст.

Танҳо дар ҳафт моҳи соли 2020 ҷиҳати сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ 55 миллион сомонӣ маблағ равона гардида, фондҳои асосӣ дар ҳаҷми 28 миллион сомонӣ ба кор андохта шудаанд.

Роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтарро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти назорати сари вақт ва мақсаднок аз худ кардани маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳо ҷудогардида, бо тарҳи замонавӣ бунёд гардидани иншооту биноҳо ва истифодаи минбаъдаи самараноки онҳо тақвият бахшанд.

Дар баробари ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор татбиқи босифату саривақтии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва роҳ надодан ба хароҷоти ғайримақсадноки маблағи лоиҳаҳоро ба таври ҷиддӣ назорат намоянд.

Гарчанде бемории сироятии КОВИД-19 дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба иқтисодиёти шаҳри Бохтар низ таъсири манфии худро расонида истодааст, вале бо вуҷуди ин, сохтмончиён корҳоро дар иншооти ҷашнӣ суръат бахшида истодаанд, ки ин барои боз ҳам беҳтар шудани шароити зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.

Вобаста ба ин, роҳбарони вилоят ва шаҳр бояд якҷо бо дигар сохтору мақомоти дахлдор ҳангоми таҳияи лоиҳа ва бунёди иншоот аз усулҳои меъмории муосир ва миллӣ истифода намуда, ба сифати иҷрои корҳои сохтмон ва истифодаи санъати баланди меъморӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд, то ки иншооту биноҳои бунёдшаванда ба мардум садсолаҳо хизмат кунанд.

Бояд гуфт, ки то ҳол дар доираи “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Бохтар барои солҳои 2016-2020” як қатор лоиҳаҳо татбиқ гардидаанд, вале сатҳи иҷрои онҳо қонеъкунанда нест.

Ман чанде пештар зимни сафари корӣ ба вилоят дар ноҳияи Данғара доир ба дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории бандҳои иҷронагардидаи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ба роҳбарони Кумитаи рушди маҳал, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дода будам.

Дар тӯли чор соли татбиқи барномаи зикршуда дар шаҳри Бохтар аз 76 лоиҳа 46 лоиҳа ба маблағи 774 миллион сомонӣ, яъне 62 фоиз иҷро гардидаааст, ҳол он ки муҳлати амалисозии барнома соли ҷорӣ ба итмом мерасад.

Зарур аст, ки ин масъала ҳамаҷониба таҳлил гардида, доир ба ислоҳи вазъ тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Захираву имкониятҳои шаҳри Бохтар дар самти рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, густариш додани сайёҳӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ хеле зиёданд ва зарур аст, ки ба ин соҳаҳо сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ба таври васеъ ҷалб карда шаванд.

Имрӯз дар шаҳри Бохтар 49 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ фаъолият доранд.

Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо ба 210 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2000-ум 120 баробар афзудааст. Дар корхона ва коргоҳҳои саноатии шаҳр беш аз 27 номгӯи маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва 7 номгӯи маҳсулоти содиротӣ истеҳсол шуда истодааст.

Дар бист соли охир дар шаҳри Бохтар 23 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 650 ҷойи нави корӣ дар самти саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон бунёд гардида, ҳоло фаъолият доранд. Танҳо соли ҷорӣ аз ҳисоби се корхонаи навтаъсис 135 ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст.

Бо вуҷуди ин, нишондиҳандаҳои мазкур барои таъмин намудани рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии шаҳр нокифоя буда, талаботи афзояндаи аҳолиро бо ҷойҳои корӣ қонеъ карда наметавонанд.

Дар ин хусус ман борҳо таъкид кардаам, ки барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ва ба ин васила таъмин намудани аҳолӣ бо шуғл роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро бояд дар самти таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, махсусан, дар самти саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ тақвият бахшанд ва ҳамкориро бо бахши хусусӣ васеъ ба роҳ монанд.

Дар шаҳри Бохтар барои афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулот бо роҳи таъсис додани корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, нахи пахта, бофандагию дӯзандагӣ, инчунин, ривоҷ додани истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки истифодаи оқилонаву самараноки онҳо ба баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми шаҳр мусоидат мекунад.

Дар ин самт бояд нерӯи бузурги созандаи соҳибкорон васеъ ҷалб карда шавад, зеро рушди минбаъдаи иқтисодиёти шаҳр аз дуруст ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо онҳо вобастагӣ дорад.

Ҳамчунин, дар шаҳри Бохтар имкониятҳои зиёд доир ба истифодаи инфрасохтори нақлиётӣ, дастрасӣ ба нерӯи барқ ва қувваи кории арзон мавҷуданд, ки бо баҳрабардорӣ аз онҳо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ метавонанд фаъолияти истеҳсолии худро самаранок ба роҳ монанд.

Махсусан, бонувону духтарони шаҳр ва сокинони атрофи онро тавассути ташкили корхонаҳои нав, барқарор ё ба кор даровардани корхонаҳои аз кор бозмонда ва васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои мавҷуда ба кор ҷалб кардан мумкин аст.

Тибқи маълумот дар бисёр шаҳру ноҳияҳои кишвар ба рушди соҳибкории хурду миёна якчанд омил, аз ҷумла набудани маблағҳои иловагӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷорат, сатҳи баланди фоизи қарз, муҳлати кӯтоҳи баргардонидани қарз, монеаҳои маъмурӣ, набудани иттилооти зарурӣ барои ташкил ва идоракунии соҳибкорӣ ва марказҳои дастгирии соҳибкории хурду миёна доир ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ монеа эҷод мекунанд.

Аз ин рӯ, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонкӣ миллӣ, “Саноатсодиротбанк” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр супориш дода мешавад, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва фароҳам овардани шароит барои дастрасӣ ба манбаъҳои қарзӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Зимнан, хотиррасон месозам, ки сокинони шаҳри Бохтар, хусусан, бонувону занон дар гузашта бо ҳунармандӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ ва тайёр кардани либос ва дигар ороишоти миллӣ, инчунин, намудҳои гуногуни косибӣ шуҳрат доштанд. Зарур аст, ки ба эҳёи ин анъанаи нек ва рушди ҳунарҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Имкониятҳои шаҳр дар самти рушди соҳаи саноату кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва дигар хизматрасониҳо зиёданд ва зарур аст, ки ба ин соҳаҳо сармояи ватаниву хориҷӣ ҳарчи бештар ҷалб карда шавад.

Ҳарчанд ки дар ҳафт моҳи соли 2020 кишоварзони шаҳри Бохтар истеҳсоли ангур, мева ва ғалладонаро афзоиш додаанд, вале ҳаҷми истеҳсоли картошка ва сабзавот ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест.

Дар шароити имрӯза, ки бо сабаби буҳрони фарогири молиявию иқтисодӣ ва афзоиши босуръати аҳолӣ талабот ба маводи ғизоӣ дар тамоми ҷаҳон торафт зиёд мегардад ва дар баробари ин, вобаста ба гармшавии иқлими сайёра ва хушксолӣ дар бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо офатҳои табиӣ зуд-зуд такрор шуда истодаанд, бояд ба масъалаи истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, ҷамъоварии пурраи ҳосили барвақтӣ ва кишти такрории зироатҳо диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Дар ин росто, зарур аст, ки доир ба таъмин намудани фаъолияти самараноки корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти ширӣ, инчунин, коркарди маҳсулоти чорво тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Ҳамзамон бо ин, барои рушди шаҳри Бохтар ҳамчун маркази логистикии вилоят бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд, ки ин барои саноатикунонии босуръати вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина мегузорад.

Бо вуҷуди дастури аз тарафи Роҳбари давлат додашуда доир ба васеъ намудани майдони кишти картошка ва ғалладонагиҳо мутаносибан ба андозаи 40 ва 60 фоиз, хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр майдони кишти зироатҳои зикршударо зиёд накардаанд.

Доир ба масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ доим таъкид менамоям, ки истифодаи оқилонаи замин, азхудкунии заминҳои нав, бунёди боғҳои нав, барқарорсозии боғҳои кӯҳна, таъминот бо оби полезӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир омилҳои асосии афзоиш додани маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ҳамин васила амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои миллӣ - ҳифзи амнияти озуқаворӣ мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои кишоварзӣ, молия, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Илова бар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳрро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор ба масъалаи истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани майдони кишти такрорӣ, боз ҳам афзоиш додани майдони гармхонаҳо ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли сабзавот дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати бо усулҳои муосир ба роҳ мондани парвариши дарахтони мевадиҳанда, яъне бунёд кардани боғҳои интенсивӣ ва афзун намудани содироти меваи аз лиҳози экологӣ тоза, инчунин, зиёд кардани майдони кишти картошкаву ғалладонагиҳо чораҷӯӣ намоянд.

 Ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло дар доираи лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар ба масофаи 82 километр ва бо арзиши лоиҳавии беш аз 2,3 миллиард сомонӣ идома дорад.

Ҳамзамон бо ин, лоиҳаи таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Бохтар – Данғара - Гулистон бо шарикони рушд мувофиқа шуда истодааст.

Дар доираи ду марҳалаи лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ таҷдиду азнавсозии 15 километр роҳи мошингарди шаҳр ва 3 пул ба маблағи 100 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.

Ҳоло марҳалаи сеюми лоиҳа - таҷдиду азнавсозии 13 километр роҳ, 2 пул ва хатти оби нӯшокӣ ба маблағи 68 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ҳарчанд барои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохили шаҳр мунтазам маблағҳои зарурӣ равона карда мешаванд, вале то ҳол баъзе кӯчаву хиёбонҳо ва роҳҳои дохилӣ таъмирталаб мебошанд.

Барои беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиётӣ ба сокинони шаҳр вақтҳои наздик дар доираи лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ харидории 40 автобуси мусофиркашонӣ ба маблағи умумии 94 миллион сомонӣ, сохтмони таваққуфгоҳ ва ҷорӣ намудани низоми нави пардохти роҳкиро пешбинӣ шудааст, вале азхудкунии маблағҳо дар доираи лоиҳаи мазкур то ҳол дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва Вазорати нақлиёт зарур аст, ки илова ба назорати иҷрои лоиҳаҳои сармоягузории татбиқшаванда бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ, инчунин, бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ҷиҳати таъмиру беҳтарсозии ҳолати роҳҳои дохилишаҳрӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Афзоиши аҳолӣ ва ба сол ба сол зиёд шудани шумораи хонандагон норасоии ҷойҳои нишаст ва китобҳои дарсӣ, сатҳи пасти фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, инчунин, мавҷуд набудани муассисаҳои таълимиву томактабӣ дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳр, ки аз ҳисоби ҳудуди ноҳияҳои Кушониёну Вахш васеъ шудаанд, вазъи соҳаи маорифи шаҳрро хеле мушкил гардонидааст.

Гарчанде солҳои охир маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлат мунтазам афзоиш меёбад, вале барои пурра бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи шаҳр манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ба таври пурра истифода нашуда истодаанд.

Бинобар ин, роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва дигар мақомоти дахлдорро зарур аст, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти зикршуда аз ҳамаи захираву имкониятҳо самаранок истифода баранд.

Вазифаи роҳбарону фаъолони шаҳр, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадор аз он иборат аст, ки минбаъд низ мардум, хусусан, ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонуну тартибот, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, иҷрои амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоатро дар миёни аҳолӣ тавсеа бахшанд.

Бовар дорам, ки мардуми ҳимматбаланд ва бонангу номуси шаҳри Бохтар дар оянда низ бо заҳмати созанда барои боз ҳам ободу зебо гардонидани зодгоҳи хеш ва Ватани маҳбубамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Дар охир ба ҳамаи сокинони шарафманду меҳмоннавози ин диёри зебоманзари кишварамон тандурустӣ, рӯзгори ободу осуда ва файзу баракат орзу менамоям.

Доим саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520