Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод

24.03.2012 15:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз баъд аз зуҳр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, ки барои иштирок дар ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Конфронси 5- уми байналмилалии ҳамкории иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA- 5) ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Сарони ду давлати дӯсту ҳамзабон, нахуст ҳамдигар ва мардумони Тоҷикистону Эронро бо фаро расидани Наврӯзи оламафрӯз ва ҷаҳонишавии ин ҷашни пурифтихор табрику таҳният гуфтанд.
Зимни суҳбати хоса ва музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, илму техника, фановарӣ, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд.
Бо хушҳолӣ изҳор гардид, ки тайи даҳ соли ахир ҳаҷми умумии муомилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон панҷ баробар зиёд гардида, ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат ва кишоварзӣ, ҳамчун самтҳои афзалиятнок, тақвият ёфт. Қаноатмандӣ, ҳамчунин аз иштироки ширкатҳои эронӣ дар татбиқи барномаҳои инфрасохторӣ ва иртиботот, қабл аз ҳама роҳҳо, пулҳо, шабакаҳои об, нафт, газ, хаттҳои интиқоли барқу васоили иттилоотӣ изҳор карда шуд.
Гуфтугӯи судманд доир ба идомаи ҳамкории босамар дар бунёди нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳу пулҳо, ба ҳам пайвастани шабакаҳои энергетикию нақлиётии ду кишвар, суръат бахшидан ба имконсанҷии лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияити минтақавӣ сурат гирифт.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520