Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020 08:16, ноҳияи Восеъ
Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Восеъ   24.09.2020

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Восеъ Қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук дар масоҳати 0,37 гектар сохта шуда, аз 2 ошёна иборат мебошад.

Қасри фарҳангро сохмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи замонавӣ ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ бунёд намудаанд.

Толори Қаср аз 350 ҷойи нишаст иборат буда, бо истифода аз санъати наққошӣ оро дода шудааст, ки диққатҷалбкунанда мебошад. Толор бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, дар он барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, маҳфилу ҷамъомад ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ шароити мусоид фароҳам аст.

Дар Қасри навбунёд ҳуҷраҳои алоҳидаи либосивазкунӣ, пардозкунӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон мавҷуд буда, дар онҳо имконоти хуб барои омодагии санъаткорон муҳайё мебошад.

Дар иншоот толори рақс низ ташкил гардида, барои ба омӯзиш фаро гирифтани 25 нафар наврасони завқманд шароит муҳайё карда шудааст.

Дар бинои мазкур бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва мактаби санъати бачагона ҷой дода шуда, кормандони соҳа бо 15 утоқи корӣ ва 4 синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд.

Созҳои мусиқии гуногун, таҷҳизоти муосири тақвияти овоз ва дигар лавозимоти зарурӣ барои аҳли фарҳанги ноҳия таъмин мебошад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншооти наву замонавии фарҳангӣ бо ҷалби 100 нафар сохтмончии маҳаллӣ дар давоми беш аз як сол бунёд карда шудааст.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Қасри фарҳанг дар ноҳияи Восеъ барои беш аз 50 нафар шароити хуби корӣ муҳайё гардид.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли санъату ҳунари ноҳияи Восеъ 30 адад сози мусиқии миллӣ туҳфа намуданд, ки дар такмил ёфтани маҳорати касбии ҳунармандон ва рушди бештари соҳаи фарҳанги мамлакат замина мегузорад.

Сипас Сарвари давлат дар саҳни Қасри фарҳанг аз намоишгоҳи дастовардҳои ҳунармандони ноҳияи Восеъ дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ кандакорон, чӯбтарошон, заргарону кулолгарон, оҳангарон ва дигар ҳунармандони чирадасти ноҳия маҳсули меҳнати хешро ба маъраз гузоштанд. Занону бонувони ноҳия нону дигар маҳсулоти нонии дар шароити хона омода кардашударо пешкаши меҳмонон намуданд.

Дар атрофи Қасри фарҳанг гулу дарахтони ороишию сояафкан шинонида шуда, роҳравҳо пурра сафолакпӯш гардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани боз як иншооти муосири фарҳангиро, ки ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аст, туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат ба кормандони соҳаи фарҳангу ҳунари ноҳияи Восеъ арзёбӣ намуда, онҳоро барои таҳияи барномаҳои пурмуҳтавои эҷодию ҳунарӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинон, бахусус ҷавонону наврасон ҳидоят карданд.

Зебоии иншоот ва кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Восеъро дар шаб чароғҳои замонавӣ таъмин мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520