Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Коллеҷи хусусии тиббӣ дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020 14:21, ноҳияи Восеъ
Ифтитоҳи бинои Коллеҷи хусусии тиббӣ дар ноҳияи Восеъ   24.09.2020

24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Восеъободи калони деҳоти ба номи Абди Авазови ноҳияи Восеъ Коллеҷи хусусии тиббиро, ки бо тарҳи хеле зебо ва дар масоҳати умумии 4 га барои 800 нафар донишҷӯ дар ду баст, бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Сарвари давлат иттиллоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, сохтмони он сентябри соли 2018 бо ҷалби зиёда аз 200 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, моҳи сентябри соли равон анҷом ёфтааст.

Коллеҷи тиббӣ дорои 44 синфхона мебошад.

Бо ифтитоҳи Коллеҷи тиббӣ акнун зиёда аз 120 нафар имкон пайдо намуданд, ки бо маоши доимӣ таъмин гардида, дар шароити хубу муосир кору фаъолият намоянд. Бо васеъ намудани самти фаолият то ба 400 нафар чойи корӣ таъмин мегардад. Дар ошёнаи якуми Коллеҷи мазкур озмоишгоҳ, 2 синфи технологияи информатсионӣ бо 30 адад компютер пайваст ба шабакаи интернет, 2 синфхонаи фанни физиология, инчунин 2 синфхонаи фанни физиологияи эътидолӣ, синфи анатомия, 10 проектор, нуқтаи санитарӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва ошхона ҷойгир мебошад.

Дар ошёнаи 2-юми он бошад, 12 синфхона, китобхона, толори маҷлис барои 150 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва дар ошёнаи сеюм синфхонаҳои иловагӣ ҷойгиранд. Инчунин дар саҳни ҳавлии Коллеҷи мазкур майдончаи варзишӣ, майдони футболи хурд ва майдончаи волейболбозӣ муҳайё гардидааст.

Дар гирду атрофи Коллеҷи тиббӣ зиёда аз 78 фурӯзонаки равшанидиҳанда насб гардида, зиёда аз 80 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан ва гулу буттаҳои ороишиву рангоранг шинонида шудааст. Масоҳати 7 ҳазору 600 метри мурабаъ гирду атрофи он сафолакпуш гардида, зебогии гирду атрофи биноро дучанд намудааст.

Инчунин бо масофаи 100 метр дур дар қабати бинои мазкур бо чуқурии 130 метр чоҳи амуди обёрӣ гардидааст, ки бинои навбунёд ва гирду атрофи онро бо оби нушокӣ таъмин намудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар бинои навбунёд ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Сокинони шарафманди ноҳияи Восеъ бунёди чунин як муассисаи таълимии навбунёдро туҳфаи арзандаи даврони Истиқлоли давлатӣ дар омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ба талаботи замон ҷавобгу, арзёбӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону кормандони Коллеҷи мазкурро барои тайёр намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгу, ҳидоят карданд.

Пас аз ифтитоҳи бинои Коллеҷи хусусии тиббӣ Сарвари давлат дар ҳамин ҷо барои бунёди бинои хобгоҳи донишҷуён санги асос гузоштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520