Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва меваю сабзавот дар деҳаи Заркамари ноҳияи Мӯъминобод

25.09.2020 09:27, ноҳияи Мӯъминобод
Ифтитоҳи корхонаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва меваю сабзавот дар деҳаи Заркамари ноҳияи Мӯъминобод  25.09.2020

25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар деҳаи Заркамари ноҳияи Мӯъминобод ба фаъолияти корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дуоб-Р” оғозӣ расмӣ бахшиданд.

Коргоҳи мазкур аз ду сехи коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти ширӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорон Файзалӣ ва Ҳасанҷон Забировҳо таъсис дода шудааст.

Аснои шиносоӣ аз сехи коркарди маҳсулоти ширӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки тамоми техникаю дастгоҳҳои корӣ муосир буда, дар ин ҷо 12 намуди маҳсулоти ширӣ омода карда мешавад. Дар як басти корӣ сехи мазкур имкон дорад, ки то 5 тонна маҳсулоти шириро коркард намояд. Дар ноҳияи Мӯъминобод ин ягона коргоҳест, ки бозори маҳаллиро бо маҳсулоти ширӣ таъмин мекунад. Шир дар доираи шартномаи дуҷониба аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрас карда мешавад.  

Дастгоҳу технологияи сехи коркарди меваю сабзавот аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои омода намудани маҳсулоти ниҳоӣ дар сехи коркарди меваю сабзавот, пурра ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, барои таъминот бо меваю сабзавоти тару тоза, дар шафати корхона 2 гектар боғ бо 6 номгӯйи меваҷот бунёд карда шудаст. Ҳосили бадастомада дар сехҳо коркард шуда, дар шакли консерва ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бароварда мешавад. Ҳамчунин меваю сабзавот аз хоҷагидорони ноҳия низ харидорӣ мегардад.

Баъди ба истифода додани ин корхонаи саноатӣ 100 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Масоҳати умумии замини иншоот 6 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, майдони зери сохтмони корхонаҳо 2 ҳазор метри мураббаъ мебошад.

Дар атроф ва дохили корхона корҳои кабудизоркунӣ анҷом дода шуда, дар саҳни он гулу дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Мӯъминобод барои рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, дар ин раванд бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 19 коргоҳи хурду бузург ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 7 адади он фаъол гардонида шуда, дар боқимонда онҳо корҳои созандагӣ идома дорад.   

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520