Шоми имрӯз байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул гуфтугӯи телефонӣ баргузор гардид.
Сарварони ду кишвари дӯст вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Туркияро баррасӣ намуда, дар бораи рушду густариши минбаъдаи он муфассалан мубодилаи афкор намуданд.
Мавзӯъҳои актуалии вазъи минтақавӣ ва масоили марбут ба он низ яке аз бахшҳои муҳими муколамаи телефонӣ буд.
Президентони ду мамлакат нисбати баъзе масоили имрӯзаи вазъи байналмилалӣ, ки мавриди эҳтимоми тарафайн қарор доранд, низ ибрози назар карданд.