Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи саҳмдорони
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун»



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н м е д и ҳ а м:

1) Саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» танҳо ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқии ба моликияти давлатӣ ва моликияти хусусии шаҳрвандони Тоҷикистон асосёфта ба таври ихтиёрӣ фурӯхта шаванд.

2) Маблағҳои пулии шахсоне, ки саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» - ро харидорӣ намудаанд қонунигардонида ҳисобида шаванд ва ин шахсон аз ҷавобгарӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд.

3) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ махфияти маълумотҳоро оид ба маблағи саҳмияҳои харидашуда, шахсияти харидорони саҳмияҳо ва гирифтани суди (дивиденд) саҳмияҳоро таъмин намоянд.

4) Санҷиши фаъолияти бонкҳо оид ба фурӯши саҳмияҳо, бақайдгирӣ ва номнависии сертификати саҳмияҳо, ҷамъоварии маблағҳо аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» ва сарчашмаи маблағҳои ба даст овардани саҳмияҳо манъ карда шавад. Дар сурати содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби саҳмдорон ва кормандони бонкҳо санҷиш вобаста ба харидории саҳмияҳо танҳо бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

5) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани Фармони мазкур:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд;

- ҷиҳати такмили санадҳои қонунгузорӣ таклиф пешниҳод намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон
ш. Душанбе
29 декабри соли 2009
№742

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520