Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндагони зиёиён ва аҳли илму маорифи кишвар

23.12.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони зиёиён ва аҳли илму маорифи кишвар мулоқот намуда, бурду бохти соҳаро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод ва оид ба беҳдошти фаъолияти он дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз аҳамияти соҳаи маориф ва таълиму тарбияи ҳадафманди насли наврас дар рушду нумӯи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ёдовар шуда, таъкид намуд, ки баҳри амалӣ намудани тадбирҳои судбахшу ояндадор соли 2010 – ум «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон гардид.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соҳаи маориф ба даст омадаанд, ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки «агар дар соли 2000-ум маблағгузории ин соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ 42 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2009-ум ба 1 миллиарду 110 миллион сомонӣ расид ва афзоиши он 27 баробарро ташкил дод”. ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2000 – ум ба ин сӯ дар мамлакат зиёда аз 1000 муассисаи таълимӣ сохта ва ё таҷдид карда шуд. Танҳо дар соли равон 210 мактаби нав барои 35 ҳазор нафар хонанда сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба таълиму тарбияи босифат ва ғамхории давлатӣ фаро гирифтани хонандагони болаёқати мамлакат дастур дод, ки то соли 2011 дар шаҳри Душанбе як литсейи муосири президентӣ барои на камтар аз 1000 нафар таъсис дода шавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани сифати дарсҳо аз фанҳои дақиқ ва техникӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, дастур дод, ки стандартҳои давлатии омӯзиши ин фанҳо аз нав таҳия карда шаванд.

Вобаста ба ин вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки баҳри то охири соли 2015 бо озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва кабинетҳои фаннӣ таъмин намудани тамоми муассисаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

ҳамчунин дастур дода шуд, ки баҳри ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯён ва олимони ҷавон ба ихтироъкорию кашфиёт пайваста намоишгоҳҳо ва озмунҳои натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии онҳо ба роҳ монда шавад.

Масъулини соҳа вазифадор шуданд, ки дар муддати се моҳ қонуни ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи марказҳои илмиву фановарӣ» таҳия намуда, ба баррасии ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки лоиҳаи қонун дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Таъкид гардид, ки стипендияҳои президентӣ бояд ду баробар зиёд карда шаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои кори Академияи илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмӣ – тадқиқотии он изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намуд, ки аз соли 2011 оғоз карда, маблағгузории давлатии сохторҳои илмию тадқиқотӣ аз рӯи натиҷа ва самаранокии корҳои анҷомдодаи онҳо амалӣ гардад ва дар ҳолати мавҷуд набудани натиҷаҳои кофию назарраси тадқиқоти илмӣ ва татбиқи онҳо маблағгузории давлатӣ барои ин гуна сохторҳо қатъ карда шавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз бунёди нерӯгоҳи обии Роғун ёдовар шуда, таъкид дошт, ки он натанҳо манбаи гармию рӯшноӣ, балки омили ба кор андохтани садҳо корхонаҳои саноатии замонавӣ, иншооти иҷтимоӣ, марказҳои илмию тадқиқотӣ, муҳайё сохтани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардондани буҷети мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Зиёда аз ин таъкид гардид, ки бунёди ин иншооти бузурги аср дар ташаккул ва рушди бештари фарҳанги техникии ҷомеа нақши муассир мегузорад.

қисмати дуюми мулоқот тариқи саволу ҷавобҳо ҷараён гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои сершумори ширкаткунандагони мулоқот, аз ҷумла Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов, олими ҷавон аз Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон Фарҳод Шарипов, Директори институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Зайнулобидин Кобулиев, донишҷӯи Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон Аҳлиддини Зиёӣ, Декани факултаи физикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон қосим Комилов, Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони мамлакат Некрӯз Забиров, Директори институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон Фозил Тоҳиров, олими ҷавон аз Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон – Рустам Назаров ва академик Мӯсо Диноршоев посух дода, баҳри ислоҳ намудани камбудиҳои ҷиддии соҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520