Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази савдою хизматрасонии “Давлати Зафар” дар ноҳияи Рӯдакӣ

01.10.2020 10:16, ноҳияи Рӯдакӣ
Маркази савдою хизматрасонии “Давлати Зафар” дар ноҳияи Рӯдакӣ   01.10.2020

Дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчунин марҳилаи аввали Маркази савдою хизматрасонии “Давлати Зафар”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ин маҷмааи муҳташам аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафар Кабиров дар масоҳати 5,3 гектар бунёд шуда, дорои садҳо дукону мағозаҳои фурӯш, ошхона, сехи дӯзандагӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ин маҷмааи хизматрасонӣ аз калонтарин иншоотест, ки дар доираи боздиди кории Пешвои миллат дар ин ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Тибқи иттилои масъулон, марҳилаи аввали Маркази савдою хизматрасонии “Давлати Зафар” бештар аз 4 ҳазор нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунад.

Маҷмаа аз дукону мағозаҳои фурӯши молу маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла, мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ, ҷиҳози рӯзгор, мебел, қандилҳои гуногун, қолинҳо, дорухона ва амсоли ин иборат мебошад.

Ҳамчунин дар дохил ва атрофи муассиса дар масоҳати 4 гектар таваққуфгоҳи нақлиёт ба истифода дода шуд.

Дар ошёнаи дуюми бинои маҷмаа сехи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи кор ташкил карда шудааст, ки дар он асосан занону духтарони хонанишин ба кор ҷалб карда шудаанд.

Тибқи иттилои масъулони бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамаи занону духтарон қабл аз он ки ба кор ҷалб карда шаванд, дар курсҳои кӯтоҳмуддат ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Акнун дар ин сех даҳҳо номгӯи маҳсулот, аз қабили сару либоси мактабӣ барои хонандагон, либосҳои духтаронаву писарона, хилъат барои табибон, куртаҳои чакану попурӣ, рахти хоб ва амсоли ин омода карда мешавад.

Ҳангоми боздид аз сехи дӯзандагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкорон дар самти таъмини занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ баҳои баланд доданд.

Аз бонувон низ даъват ба амал оварда шуд, ки вобаста ба эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, маҳорату малакаи худро сайқал диҳанд ва бо ин васила муаррифгари ҳунарҳои миллӣ бошанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ санги асоси ин маркази бузурги савдоро гузошта, соҳибкоронро вазифадор намуда буданд, ки онро бисёрфунксионалӣ, бо тарҳу намои муосир ва сифати баланди ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд намоянд.

Ҳамчунин дар доираи супоришҳои Пешвои миллат, соҳибкорон уҳдадор шуда буданд, ки дар назди маркази хизматрасонӣ барои 200 кӯдак боғчаи бачагона бунёд намоянд. Инак, бо гузашти наздик ба чор сол марҳилаи аввали Маркази хизматрасонӣ бо муосиртарин шароиту имконоти тиҷоратӣ ба истифода дода шуд. Корҳои бунёдӣ дар кӯдакистон, ки барои 400 нафар пешбинӣ гардидааст, бомаром идома дорад ва моҳҳои наздик ба пуррагӣ ба истифода дода мешавад.

Марҳилаи аввали Маркази савдою хизматрасонии “Давлати Зафар” аз се қисм иборат буда, ҳар як қисми он бо меъмории хоси шарқиёна сохта шудааст ва намои бисёр зебо дорад.

Ҳангоми шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои маркази савдо, Президенти мамлакат ба масъулони маҷмаа ҷиҳати дар сатҳи талаботи ҷаҳонӣ ба роҳ мондани савдову тиҷорат ва фароҳам овардани шароити мусоиди кор ба соҳибкороне, ки дар ин маркази савдо ба кор ҷалб шудаанд, дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ба иттилои соҳибкорон, марҳилаи дуюми Маркази савдою хизматрасонӣ то ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Марҳилаи дуюм дар баробари кӯдакистони муосири 4-ошёна барои 400 кӯдак, ҳамчунин толорҳои хурду бузурги варзишӣ ва аквапаркро дар бар хоҳад гирифт. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми ин марказ боз бештар аз 1000 нафари дигарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад кард.   

Дар саҳни ҳавлии Маркази савдою хизматрасонии “Давлати Зафар” ҳамчунин намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Ҳунармандони мардумӣ ва кишоварзони ноҳия маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд.

Гӯшаи ҳунарҳои мардумиро намунаи хӯроку хӯришҳои миллӣ ва анвои гуногуни нону кулча оро медод. Аз маҳсулоти дастии ба намоиш гузошташуда аён аст, ки эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” кадбонуҳои ноҳияи Рӯдакиро ҷиҳати эҳёи қадимтарин ҳунар ва хӯрокҳои миллӣ ҳавасманд кардааст, зеро дар намоишгоҳ қадимтарин намунаи хӯроку хӯришҳои миллӣ, ки танҳо ба миллати мо хос аст, ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520