Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯдакӣ

01.10.2020 10:20, ноҳияи Рӯдакӣ

Муҳтарам намояндагони мардуми заҳматдӯсти ноҳияи Рӯдакӣ!

Пеш аз ҳама, ба кулли сокинони ноҳия ва ҳар яки шумо, ки бо заҳмати созанда ва меҳмоннавозии худ шуҳрат доред, барои саҳми басо арзандаатон дар ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон, бахусус, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар арзи сипос менамоям.

Боиси қаноатмандист, ки мардуми ноҳия имрӯзҳо корҳои ободониро ба ифтихори ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ бо азми қавӣ вусъат бахшида истодаанд.

Дар натиҷаи заҳмати созандаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси ноҳия ҳоло шароити зиндагии мардум нисбат ба солҳои пеш беҳтар шуда, симои ноҳия, бахусус, маркази он хеле зебову замонавӣ гардидааст.

Тайи чанд соли охир дар доираи барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ҷиҳати тараққиёти соҳаҳои мухталифи он, аз ҷумла афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ҳамин восита баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ хеле корҳои назаррас амалӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки мардуми ободкору созанда ва кишоварзони соҳибтаҷрибаи ноҳия тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи истифодаи самараноки обу замин, тараққӣ додани бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ ва таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ дар фаровонии маҳсулоти ғизоӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми сазовор гузоштаанд.

Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе самараи заҳмати сокинони ноҳияи Рӯдакӣ имрӯз дар фаровонии маҳсулот дар бозорҳои пойтахт равшан дида мешавад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз якуним миллиард сомонӣ равона намудааст.

 Инчунин, дар ин давра ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 600 миллион сомонӣ сармояи мустақим ҷиҳати татбиқи 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ҷалб ва аз худ карда шуда, ҳоло 8 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 250 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Имрӯз тамоми қаламрави Ватанамон, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ ба саҳнаи бузурги созандагӣ табдил ёфта, соҳибкорону тоҷирон ва мардуми бонангу номуси кишвар ба хотири ободу зебо гардонидани зодгоҳи худ ва диёри биҳиштосоямон саъю талош карда истодаанд.

Дар асоси нақшаи тасдиқшуда то таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия бунёду азнавсозии 414 иншооту биноҳои нав, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, роҳу пулҳо, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва дигар корҳои ободонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз дар 293 иншоот корҳои сохтмон ба анҷом расонида шудаанд.

Илова бар ин, бо ташаббуси соҳибкорону сокинони бонангу номуси ноҳия ба истиқболи ин санаи мубораки таърихӣ сохтмони даҳҳо иншооти таъиноти иҷтимоиву хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо амалӣ гардидани онҳо барои аҳолӣ ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ободониву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар ноҳия аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 10 муассисаи нави таълимӣ ва 104 синфхонаи иловагӣ бо 13 ҳазор ҷойи нишаст ва 29 маркази саломативу бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода супорида шуда, зиёда аз 40 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш ва 94 километр роҳҳои дигар таъмири ҷорӣ карда шудаанд.

Ҳамаи иқдомоти зикршуда, дар навбати аввал, барои боз ҳам ободу зебо шудани ноҳия ва деҳоти он, болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳаллу фасл гардидани бисёр мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард.

Тибқи таҳлилҳо дар рушди иқтисодиёти ноҳияи Рӯдакӣ соҳибкории хурду миёна нақши калон дорад ва ҳаҷми маҳсулоти аз ҷониби соҳибкорон истеҳсолшуда мунтазам афзоиш ёфта истодааст.

Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ то имрӯз қариб ба 11 ҳазор расида, ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 400 субъект зиёд шудааст, ки онҳо барои рушди соҳаҳои афзалиятноки ноҳия саҳми босазои худро гузошта истодаанд.

Саҳми соҳибкорони ноҳия бештар дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат назаррас мебошад.

Соҳибкорӣ, ҳамчунин, дар бахшҳои савдо, хизматрасонӣ, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия низ хеле хуб рушд ёфтааст.

Солҳои охир бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ пешниҳоди маблағҳо аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ мунтазам афзоиш ёфта истодааст.

Танҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳӣ ба иқтисодиёти ноҳияи Рӯдакӣ 90 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба соҳибкорони ноҳия 81 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки ҳарчанд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд аст, вале барои таъмини рушди фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ҳоло ҳам нокифоя мебошад.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар доираи дастгириҳои давлатӣ соҳибкорӣ дар ноҳия бомаром рушд карда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ афзуда истодааст.

Лекин бо дарназардошти шумораи бекорон ва афзоиши аҳолии ноҳия роҳбарону масъулонро зарур аст, ки роҳҳои иловагии таъсиси ҷойҳои нави кориро, аз ҷумла тавассути бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва махсусан, доир ба коркарди меваю сабзавот дарёфт намоянд.

Зеро ноҳияи Рӯдакӣ аз лиҳози шумораи аҳолӣ калонтарин ноҳияи кишвар буда, талаботи аҳолии он ба ҷойи корӣ нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо бештар мебошад.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки имкониятҳои ноҳия дар самти рушди истеҳсолоти саноативу кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тараққӣ додани намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва дигар хизматрасониҳо зиёданд ва зарур аст, ки ба ин соҳаҳо сармояи ватаниву хориҷӣ ба таври васеъ ҷалб карда шавад.

Ҷиҳати иҷрои саривақтии корҳои пешбинишуда ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ зарур аст, ки нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳоро таъмин намоянд, зеро то аввали моҳи сентябр нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо ҳамагӣ дар сатҳи 90 фоиз таъмин шуда, 6 намуди андоз таъмин нагардидааст.

Рудакӣ ноҳияи аграриву саноатӣ буда, барои бунёди корхонаву коргоҳҳои коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои зиёд дорад.

Ҳоло дар ноҳия 128 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 239 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Ҳамзамон бо ин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019 нисбат ба соли 2015 ба андозаи 3,2 баробар ё ба маблағи 291 миллион сомонӣ зиёд шудааст.

Роҳбарону мутахассисони ноҳия ва соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ бояд суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатиро боз ҳам вусъат бахшанд, зеро барои ин ҳамаи захираву имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосир, баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва ҷалби воситаҳои иловагии молиявӣ ба корхонаҳо чораҷӯӣ карда шавад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар ноҳия ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ 431 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 фоиз зиёд шудааст.

Ҳоло дар ноҳия дар майдони беш аз 20 гектар гармхона ва шаш сардхона бо ғунҷоиши чор ҳазор тонна бунёд шудааст.

Имрӯз дар деҳоти Чимтеппа як гармхонаи нав ба истифода супорида шуд, ки яке аз гармхонаҳои муосир ва намунавӣ ба ҳисоб меравад.

Дар соли оянда ба нақша гирифта шудааст, ки дар ду гектар гармхона ва ду сардхонаи дигар бо ғунҷоиши ҳаштуним ҳазор тонна бунёд карда шавад.

Вобаста ба ин, ба Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ супориш дода мешавад, ки таҷрибаи кишоварзону соҳибкорони ноҳияи Рӯдакиро дар самти бунёди гармхонаву сардхонаҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври васеъ ба роҳ монанд.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки гарчанде соли ҷорӣ дар ноҳия 109 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, 144 гектар заминҳои нав аз худ ва бо об таъмин карда шудаанд, аммо ин нишондиҳандаҳо ҳоло ҳам қонеъкунанда нестанд.

Илова бар ин, дар ҳафт моҳи соли 2020 дар ноҳия 870 гектар заминҳои корам, аз ҷумла 705 гектар заминҳои обӣ бо сабаби аз кор баромадани шабакаҳои обрасонӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда, дар 3,5 ҳазор гектар заминҳои обӣ бо сабаби зикршуда танҳо як кишт гузаронида шудааст.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рудакӣ бояд якҷо бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати ҳалли ин масъала ҳарчи зудтар чораҷӯӣ  намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи дурнамои кишти зироатҳо, махсусан картошка, зироатҳои ғалладонагӣ, истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла заминҳои Президентӣ ва наздиҳавлигӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамчунин, роҳбарону масъулон бояд таҷрибаи ташкили боғу токзорҳоро дар заминҳои лалмӣ ва талу теппаҳо васеъ ба роҳ монанд, зеро дар ноҳия дар ин самт захираҳо зиёданд.

Дар ноҳия 9 фермаи парвариши чорвои калони шохдор ва 8 корхонаи парандапарварӣ фаъолият дошта, масоҳати кӯлҳои моҳипарварӣ ба 15 гектар ва шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 3100 расонида шуда, соҳибкорон ба нақша гирифтаанд, ки  вақтҳои наздик боз як фермаи парандапарварӣ барои 50 ҳазор сар паранда ва як корхонаи истеҳсоли гӯшти паранда бо иқтидори солонаи ҳазору дусад тонна маҳсулот бунёд намоянд.

Бо дарназардошти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаи тараққӣ додани соҳаи моҳипарварӣ роҳбарону мутахассисони ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоиди мавҷуда барои рушди ин соҳа тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Хотиррасон месозам, ки дар ноҳияи Рудакӣ барои рушди боғпарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, афзоиш додани содироти маҳсулот ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ шароити хуб ва имкониятҳои васеъ мавҷуданд.

Вобаста ба ин, масъалаи омодагӣ ба зимистонро таъкид менамоям.

Зеро тибқи пешгӯии мутахассисон зимистони дарпешистода сарду тӯлонӣ меояд.

Бинобар ин, зарур аст, ки ба масъалаи дар ҳар як оила захира кардани маводи озуқа, сӯзишворӣ ва омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ, шабакаҳои барқ ва роҳҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Хусусан, шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҷиҳати ҳарчи бештар бо маҳсулоти озуқаи истеҳсоли худӣ таъмин намудани аҳолӣ ва кам кардани вобастагӣ аз воридоти маводи ғизоӣ мунтазам чораҷӯӣ намоем.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, сатҳи донишомӯзӣ ва малакаву маҳорати наслҳои ояндасози халқамон тамоми имкониятҳоро сафарбар карда истодааст.

Дар зарфи солҳои 1991-2020 дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 111 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди мактабҳо бо 17 330 ҷойи нишаст сохта, бо истифода дода шудаанд.

Аз ин шумора танҳо дар соли 2020 - ум 7 бинои нав бо зиёда аз 2100 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар соли таҳсили ҷорӣ хонандагони ноҳияи Рӯдакӣ дар 162 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 125 фоиз иҷро шудааст, ки ин хуб аст.

Ҳоло дар ноҳия 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии зиёда аз 1800 кӯдак фаъолият дошта, имрӯз боз ду муассисаи томактабӣ барои 340 нафар ифтитоҳ гардид.

То охири соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ ба истифода супоридани боз як кӯдакистони дигар барои 200 тарбиятгиранда ба нақша гирифта шудааст.

Дар робита ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ супориш дода мешавад, ки ташаббусҳои соҳибкоронро дар самти бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва ба чунин муассисаҳо фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари кӯдакон ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

Дар соҳаи маорифи ноҳия, инчунин, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати донишомӯзӣ, бунёд ва таъмиру барқарорсозии иншооти соҳа, таъминоти онҳо бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ ва мутахассисони баландихтисос ҳанӯз корҳои зиёд дар пешанд.

Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ислоҳи мушкилоти зикршуда то ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ба Дастгоҳи иҷроияи Президент гузориш пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бо кадрҳои баландихтисос ва техникаву таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббии ноҳия тадбирҳои иловагӣ андешад.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳоло тамоми мардуми Тоҷикистон дар давраи омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатӣ қарор доранд.

Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, яъне хизматчиёни давлатӣ ва фаъолон дар марҳалаи кунунии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи бузургтарин дастоварди халқамон, яъне истиқлолу озодӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҷалб кардану ҳидоят намудани мардум мебошад.

Дар шароити ноорому печидаи ҷаҳони муосир ҳар яки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлатамон омода бошем ва тамоми саъю талоши худро барои тақвияти иқтидори иқтисодии давлатамон, пешрафту ободии Ватани маҳбубамон ва таҳкими нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сафарбар созем.

Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ дар ин ҷода чун ҳарвақта саҳми арзишманди худро мегузоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.

Дар охир ба кулли сокинони заҳматқарини ноҳияи Рӯдакӣ барору муваффақият, саломатӣ ва хонаи обод орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520