Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо бунёдкорони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”

14.10.2020 17:08, шаҳри Роғун
Мулоқот бо бунёдкорони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”  14.10.2020

14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳо дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо бунёдкорони ин иншооти азими кишвар мулоқот карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар интихобот мардуми шарифи тоҷик пуштибониву садоқати худро ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ояндаи ободу осудаи давлати соҳибистиқлоли хеш бори дигар исбот карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат ба мардуми сарбаланди тоҷик ва ҳамватананони бурунмарзӣ барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар изҳори сипосу миннатдории самимӣ баён карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи ба кор андохтани агерагатҳои якум ва дуюми нерӯгоҳ, ки он қадар вақти тӯлонӣ нагузаштааст, ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки тавассути ду агрегати он то имрӯз, аллакай 1,7 миллиард киловатт - соат нерӯи барқ истеҳсол ва ба шабакаҳои энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст.

Аз аввали корҳои барқарорсозии иншооти нерӯгоҳ, яъне аз соли 2008 то ба ҳол 25 миллиарду 340 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Танҳо дар соли 2020 барои сохтмони он аз ҳисоби буҷети давлат қариб се миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Таъкид гардид, ки айни ҳол дар сохтмон 12707 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 1990 нафар кормандони Ширкати “Вибилд” дар ду вахта бо истифода аз 3824 мошину механизмҳо шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.

Вобаста ба иҷрои корҳо дар қитъаҳои гуногуни иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки нақби чорум бояд дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд ба истифода дода шавад, зеро истифодаи он ба баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва обгирии обанбор дар нуқтаи 1100 метр имконият медиҳад, ки ин, дар навбати худ, боиси афзоиши истеҳсоли қувваи барқ мегардад.

Баррои тезонидани кор дар иншоот Президенти мамлакат таваҷҷуҳи ширкатҳои пудратиро ба тезонидани корҳо ва таъмини босифати он ҷалб карданд.

Ширкати “Вибилд”, ки тибқи шартнома бунёди сарбандро ба уҳда гирифтааст, вазифадор гардид, ки иҷрои корҳоро то сатҳи 1110 метр дар муҳлати муайянгардида таъмин намуда, ба масъалаи устувории сарбанд ва пешгирӣ намудани пуршавии обанбор аз обовардҳо аҳаммияти аввалиндараҷа диҳад.

Барои пешрафти корҳо дар иншоот зарур шумурда шуд, ки шумораи мошину механизмҳо дар сохтмони сарбанд бояд бамаротиб зиёд карда, ҳаҷми рехтану шибба кардани сангу шағал ва масолеҳи дигар ба сарбанд афзоиш дода шавад.

Яъне бо ин роҳ кори бунёди нерӯгоҳ боз ҳам суръат бахшида шуда, бояд муҳлати пурра ба кор андохтани агрегатҳои боқимондаи он ҳарчи камтар карда шавад.

Таъкид гардид, ки коргарон бояд ба эътимоднокии корҳои сохтмон ва истифодаи масолеҳу таҷҳизоти босифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Кормандони назорати техникии НБО “Роғун” вазифадор шуданд, ки якҷо бо мутахассисони Хадамоти давлатии назорати меъморӣ ва сохтмони назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ масъалаи мазкурро бо реҷаи шабонарӯзӣ таҳти назорат қарор диҳанд.

Баъди таҳлили пурраи ҷараёни корҳо дар иншооти муҳими кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияти нерӯгоҳ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари кулли Ширкати "Вибилд" Петро Салинӣ оид ба иҷрои корҳо дар сарбанди неругоҳ андешаронӣ кард.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми сохтмончиёни нерӯгоҳ, аз ҷумла ба ҳамаи онҳое, ки бо фаъолияти созандаи худ кори бунёди иншооти тақдирсози миллат ва ба кор андохтани агрегатҳои минбаъдаи онро вусъат бахшида истодаанд, аз номи мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520