Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Қайроқум

30.11.2009 13:00, шаҳри Гулистон

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Қайроқум идома ёфт.

Субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ширкати истеҳсолии «Бародарони саховатманд», ки дар як қисмати ҳудуди корхонаи орди шаҳри Қайроқум ҷой гирифтааст, ташриф оварда, бо корҳои ибратбахши соҳибкор Нуриддин Қосимов аз наздик шинос шуд.

Чунонки аён гашт, ӯ дар ин ҷо бо харҷи беш аз 600 ҳазор доллари амрикоӣ 12 сехи истеҳсолӣ бунёд намуда, зиёда аз 600 нафарро бо кори доимӣ таъмин кардааст. Маоши миёнаи коргаронаш ба 450 сомонӣ баробар мебошад.

Айни ҳол сехҳои истеҳсоли орди хушсифат, навъҳои гуногуни макарон, маҳсулоти қаннодӣ, нӯшокиҳои хунук, зарфҳои мухталифи шишагӣ барои нӯшобаю консерваҳо, дорӯсозӣ, коркарди чӯб ва ғайра бо мувафффақият фаъолият доранд. Роҳбари корхона ният дорад, шумораи сехҳо ва навъҳои маҳсулотро боз ҳам зиёд намуда, дар зарфи як соли оянда боз 1000 ҷойи нави корӣ муҳайё созад. Дар ояндаи наздик дар ин ҷо ҳамчунин сехи истеҳсоли памперс барои кӯдакон ба роҳ монда мешавад, ки дар Тоҷикистон бори нахуст ба назар мерасад.

Соҳибкор Нуриддин Қосимов дар шаш гектар ҷангали дарахтони ар-ару сафедор бунёд намуда, бовар дорад, ки аз коркард ва фурӯши чӯби он то 2,5 миллион доллари амрикоӣ фоидаи соф ба даст меоварад.

Дар ҳудуди корхонаи истеҳсолии «Бародарони саховатманд» ҳамчунин се гармхона низ ташкил карда шудааст, Ки помидор бодиринг ва дигар сабзавоти зимистонаю барваққтӣ дар он бо дуди дегхонаи гармидиҳанда гарм карда мешавад.

Ба гуфти деҳқонони сабзавоткор аз ҳар як ниҳоли помидор ба ҳисоби миёна 4 кг ва аз як гармхона то 9 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст, ки ин фоидаи хуб ба даст меорад.

Дар саҳни ҳавлии ин корхона ҳамчунин соҳибкорони зиёд аз шаҳри Қайроқум ва дигар шаҳру ноҳияҳо ҷамъ омада буданд ва дар сӯҳбат бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ӯро бовар кунонданд, ки аз саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун харидорӣ намуда, дар бунёди ин иншооти бузурги аср саҳми намоёни худро мегузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520