Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ғончӣ

29.11.2009 14:00, ноҳияи Деваштич

Дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба зеристгоҳи Хуҷанди хатти 500 киловолтаи Ҷануб - Шимол ташриф оварда, бо пахши тугма ин иншооти муҳими асрро ба кор даровард. Бо пахши ҳамин тугма ҳамчунин се хатти 220 киловолта, ки хатти 500 киловолтаи Ҷануб – Шимолро бо шабакаҳои вилоятӣ пайваст месозанд, мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамин тариқ 29 - уми ноябри соли 2009 чун рӯзи муҳими таърихӣ дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт шуд. Чунонки таъкид гардид, бо фаъол гаштани ин хат шабакаҳои барқии вилояти Суғд бо марказ ва ҷануби кишвар пайваст шуданд ва Тоҷикистон дорои шабакаи ягонаи энергетикӣ гардид.

Зимни шиносоӣ бо маркази идории хатти интиқоли барқ ва суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди бунёдкорону меҳмонони сершумор, аз ҷумла зикр гардид, ки ин иншооти муҳими аср бо техникаю технологияи навтарини соҳа муҷаҳҳаз гашта, зеристгоҳҳои он беҳтарин дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ мебошанд. Таҷҳизоти пешрафтаи он, ки аз ҷониби ҳамагӣ 3 нафар идора карда мешавад, имкон медиҳад талафоти техникии нерӯи барқ 14% кам гардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат бори дигар аз «Ҷабҳаи заҳмати созанда» эълон гаштани бунёди нерӯгоҳи Роғун ёдовар шуда, мардуми вилояти Суғд ва кулли мамлакатро ба саҳгузории фаъол даъват намуд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Шӯрои сиёсӣ - машваратии ноҳияи Синтсзяну Уйғур Асхат Каримбой суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки имрӯз муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин дар марҳилаи беҳтарини рушди худ қарор доранд.

Хотиррасон бояд намуд, ки бунёди хатти 500 киловолтаи Ҷануб – Шимол ва се хатти 220 киловота дар вилояти Суғд аз ҷониби ширкати ТВЕА - и Ҷумҳурии Мардумии Чин бо маблағгузории муштараки Тоҷикистон ва Бонки воридоту содироти Чин як сол пеш аз мӯҳлат ба поён расонда шуд.

Дар ноҳияи Ғончӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии деҳқонии Сексарии ҷамоати деҳоти Яхтан ташриф оварда, ба кишти тирамоҳии гандум оғози расмӣ бахшид. Чунонки иттилоъ дода шуд, ин ҷо дар зиёда аз 200 гектар замин тухмии хушсифати навъи Старшина кишт карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520