Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

30.11.2009 12:00, ноҳияи Ҷаббор Расулов

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба хоҷагии деҳқонии Баҳор ташриф оварда, аз гармхонаҳои сабзавоткории он дидан кард.

Чунонки маълум шуд, аҳли заҳмати хоҷагӣ дар ду гармхонаи навбунёд 23 октябри соли равон сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла бодиринг, помидор, қаламфур ва ғайра кишт намудааст ва имрӯз бодирингаш аллакай ба ҳосил омадааст. Деҳқонон бовар доранд, ки аз ҳар як ниҳоли помидор то 4 - 4,5 кг ҳосил рӯёнда, аз 1700 ниҳол помидори як гармхона то 5 тонна ҷамъоварӣ намоянд.

Зимни шиносоӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оид ба ривоҷ додани сабзавоткории барвақтӣ дар гармхонаҳо дар вилояти Суғд бо муваффақият иҷро мешаванд. Ҳамин тариқ соли равон дар вилояти Суғд аз гармхонаҳо 509 тонна сабзавоти барвақтӣ рӯёнда шудааст. Соли 2007 бошад ин нишондод ҳамагӣ 28 тоннаро ташкил дода будааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520