Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен

29.11.2009 19:00, ноҳияи Спитамен

Дар ноҳияи Спитамен Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хатнасури 22 нафар писарчаҳои ятим ва аз оилаҳои камбизоат иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо волидони ин кӯдакон ва суханронӣ дар назди мардуми ҷамъомада аз риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон» ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар зарфи 2 солу 6 моҳи татбиқи он аҳолии мамлакат ҳангоми гузарондани маъракаҳо беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ сарфа намудаанд.

Дар ҳамин ноҳия бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ресандагии Спитамен Текстайлз, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони бунёдкори он дастур дод, ки то ҷашни 20 - солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, яъне сентябри соли 2011 ҳамчунин корхонаҳои бофандагӣ, рангу бор ва дӯхти либос низ дар ҳамин ҷо ба кор дароварда шаванд.

Зимни шиносоӣ бо кори корхонаи ресандагӣ маълум шуд, ки он дорои иқтидори солонаи коркарди 3,5 ҳазор тонна нахи пахта буда, айни ҳол дар он 600 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштаанд ва бо фаъол гаштани се корхонаҳои дигар - бофандагӣ, рангу бор ва дӯхти либос шумораи коргарон дар ин ҷо ба зиёда аз 1500 нафар хоҳад расид.

Баъди шиносоӣ бо кори корхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди аҳли заҳмати ин корхона ва меҳмонони сершумор суханронӣ намуда, бо онҳо сӯҳбатҳои ҷолибу дилнишин анҷом дод.

Мардуми ҷамъомада тадбирҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла оид ба сохтмони нерӯгоҳи азими Роғун мавриди дастгирию пуштибонии ҳамаҷониба қарор дода, баҳри харидории саҳмияҳои он изҳори омодагию ҳавасмандӣ карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520