Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Саид Давлаталӣ



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Саид Давлаталӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№26

 

 

ДАВЛАТАЛӢ Саид   

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд  30 марти соли 1970           Ҷои таваллуд    шаҳри Душанбе

Миллат   тоҷик                                           Маълумот   олӣ

соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,  

соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро  хатм кардааст

Ихтисос   иқтисодчӣ, иқтисодиёти миллӣ

Рутба мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кадом забонҳои хориҷиро медонад     русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не       нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  - соли 2006 ордени Шараф дараҷаи II, соли 2011 медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1987-1988

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1988-1989

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Чугуев, шаҳри Архангельски Федератсияи Россия 

Солҳои 1989-1993

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1993-1994

Мутахассиси дараҷаи II идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе    

03-10 соли 1994

Мутахассиси дараҷаи I идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе    

Солҳои 1994-1995

Мутахассиси пешбари идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе    

Солҳои 1995-1997

Муовини сардори идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе    

Солҳои 1997-2003

Сардори идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе    

Солҳои 2003-2005

Сардори идораи саҳҳомигардонӣ, қоғазҳои қимматнок ва фондҳои инвеститсионии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе    

Солҳои 2005-2006

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе    

Солҳои 2006-2007

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе    

Солҳои 2007-2009

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония

Солҳои 2009-2013

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2013-2020

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноябри соли 2020
то имрӯз

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 
facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520