ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сатториён М.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Сатториён Матлубахон Амонзода муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№28
САТТОРИЁН Матлубахон Амонзода
аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд 19 сентябри соли 1972 Ҷои таваллуд ноҳияи Б.Ғафуров
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
Соли 1994 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст.
Ихтисос муаллими забон ва адабиёти тоҷик
Унвони илмӣ номзади илмҳои филологӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, форсӣ
Вакили халқ ҳаст ё не вакили Маҷлисҳои вакилони шаҳри Гулистон ва вилояти Суғд
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не - соли соли 2011 медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2017 Медали «Хизмати шоиста»
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1989-1994 |
Донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.М. Киров, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 1994-2002 |
Танзимгар, муаллима, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2002-2003 |
Муовини декан, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2003-2008 |
Сармутахассис, муовини мудири шуъбаи илм, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2008-2011 |
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд |
01-08 соли 2011 |
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Табошари вилояти Суғд |
Солҳои 2011-2014 |
Раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд |
Солҳои 2014-2018 |
Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд |
Солҳои 2018-2020 |
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд |
аз ноябри соли 2020 |
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон |